Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Модари Сафар овози мардро шунида ба хона даромада рафт.
– Танҳо худам дар хона зиқ шудам, биё як сари қадам ба пеши мирзо рафта чорта чақ – чақ карда биёям гуфтам.
– Нағз кардед, Бобо, аз болои кӯрпача гузаред, – таклиф кард Сафар ба Юнусбобо.
– Не, не, шумо худатон баҳузур гузашта нишинед, ба ман ана ҳамин ҷо ҳам мешавад, – гӯён Юнусбобо аз поёнтари суфа нишастан хост. Сафар ӯро намонда ба болои кӯрпача шинонд.
– Хайр, саломат бошед, – гуфт бобо чорзону нишаста ва кафи ду дасташро ба дуо кушод. – Олам гулистон, қадам расид, бало нарасад, тани сиҳат, хотири ҷамъ, дили беғам, умри дароз насиб шавад, омин, – гӯён даст ба рӯ молид. Сафар ҳам ба хотири Юнусбобо оҳиста даст ба рӯ бурд ва сонӣ аз Бобо пурсид:
– Дар мактаб чӣ гап?
– Хотирҷамъӣ, лекин аллакай рафтани шумо ба ҳама овозаю дарвоза шудааст-дия.
– Аллакай кӣ фаҳмидааст?
– Эҳ, мирзо, дарвозаи шаҳрро бастан мумкин, аммо даҳони мардумро бастан мумкин нест, мегӯянд рост, – гуфт Бобо ва баъд аз ба гирду пеши худ назар партофтан ба тарафи Сафар хам шуда оҳиста пурсид, – модаратон-чӣ, фаҳмид-мӣ?
– Ҳа, ҳозир гап дар ҳамин хусус буд, – ҷавоб дод Сафар.
– Кӣ гуфтааст?
– Худам гуфтам, руст карда нанишастам.
– Олам гулистон, хӯш, канӣ, чӣ гуфт?
– Гиряю нола, аламу ҳасрат.
– Дили занон, хусусан модарон, аз мум ҳам нармтар мешавад, – гуфт оҳиста Бобо боз ба гирду атроф нигоҳ карда,-чӣ кор кунад, ба модаратон ҳам осон не, яккаю ягона писараш барои ӯ гавҳари ноёб-дия.
Баъд аз фурсате модари Сафар баргашта аз хона ба сараш қарси тоза партофта баромад, ки дар як дасташ дастархон ва дар дасти дигараш фонус бардошта буд.

пешина
аз 333
навбатӣ