Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Деҳқонзан Ксения Дрегулина аз офисери немис хоҳиш кард, ки куртаю эзорчаи чор кӯдаки ӯро баргашта диҳад. Фашисти хунхор ҷавобан ба ин хоҳиши зан ӯро хуб лагадкӯб карда, баъд парронд.
Солдатҳои фашист бошанд, чор кӯдаки занро ба чуқурӣ партофта, зинда ба зинда ба хок гӯр карданд...»
– Шунидӣ?
– Худоё, тавба, – ҷавоб дод модари Сафар гиребонашро дошта, – ин хел худобехабарон аз кадом гӯристон пайдо шуданд.
– Ҳар кадоми ин душман як каждумест, ки аз иморати фатарот ба хонаи ободи мо хазида омадааст, оча! – ҷавоб дод Сафар.
– Илоҳӣ ба дуои бади ҷабрдидагон гирифтор шаваду ба тухмаш қирон ояд, – гуфт модар бо қаҳру ғазаб.
Сафар баъд аз ҳамин боз ба мақсади худаш наздик шуда гуфт:
– Як худи ин дуою хоҳиш кам аст, – маънидорона гап партофт Сафар.
– Дигар аз дасти ман чӣ меомад? – гуфт модар ваҷҳ нишон дода, – илоҷе надорам, ки рафта вай бечораҳоро ба пуштакам бор карда аз балои азим гирифта гурезам.
Сафар дарҳол гуфт:
– Албатта ин хел корҳо аз дасти ту намеояд, оча. Ба дафъи ин балои азим бархостан пеш аз ҳама вазифаи фарзанди ту – Сафар аст.
Умрихола ба рӯи писараш нигоҳи дарду аламноке кард ва гуфт:
– Ҳа, вазифаи танҳо фарзанди ман?!
Сафар исроркорона фаҳмонд:
– Ин вазифаи ҳамаи фарзандони халқ аст, очаҷон ва ман ҳам яктои онҳо мебошам.
Модар дигар чӣ ҷавоб доданро надониста, сукут карда монд.
Дар ин дам касе дари ҳавлии онҳоро кӯфта, Сафарро фарёд кард.
– Мудир, ҳастед?
– Хӯш, ҳозир, – ҷавоб дод Сафар аз ҷояш хеста ва давида ба пеши дар рафту гуфт: – биёед, биёед, Бобо, марҳамат!

пешина
аз 333
навбатӣ