Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Вай бе писари ягонааш чӣ хел рӯзро шаб, шабро рӯз карда метавонад! Сафар барои ӯ ҳам давлат, ҳам такягоҳ ва ҳам орзую умедҳои неки истиқболаш буд.
Модар шабу рӯз дар он фикру хаёл буд, ки хонадор шудан, фарзанд дидани писарашро бинаду сонӣ худаш аз ин дунё чашм пӯшад ҳам, ормон надорад, вале акнун, дар даҳони ҳама гапи аскарӣ ва ҷангу фронт аст, ҳоло ин орзуҳои ӯ – танҳо орзу ҳастанду бас.
Ин фикру андешаҳо дили модарро бадтар мефишурданд, аламу ҳасрати онро зиёд мекарданд. Сафар бошад, бо меҳрубонии ба ҳар як фарзанди вафодор хос модарашро тасаллӣ дода, кӯшиш мекард, ки дили ӯро ба мақсади худ моил кунад.
– Очаҷон, ба ту гапро дароз карда нишастан ҳоҷат надорад. Талхию ширинии зиндагиро аз ман дида ту бисёртар чашидагӣ ва гумон мекунам, ки рӯзҳои сиёҳи як замонҳо аз сар гузаронидаатро дую дубора дидан намехоҳӣ, – гуфт Сафар ба мақсад аз дур даромад карда, – оё ҳамин тавр не?
– Як ман не, илоҳӣ ҳеҷ банда он рӯзҳоро набинад, – ҷавоб гирифт Сафар аз модараш.
– Ҳа, ана бале, оча, як ту не, ҳеҷ банда набинад. Акнун ба гапи ман гӯш кун. Баро, ба ин ҷо дурусттар бинишин. – Сафар аз зери оринҷи модараш дошта, ӯро оҳиста пештар кашид. Модар бошад, нимғурма «Хайр, ту гап задан гир» гуфту лекин боз мувофиқи талаби Сафар болотар баромада нишаст.
– Гӯш кун, оча, ман чӣ мегӯям, – ба гап давом кард Сафар – ин ҷанг ҷангест, ки ҳаёту мамоти моро ба миён гузоштааст. Душмани ба муқобили Ватани мо лашкарбардошта бошад, аз он босмачиҳои ту дидагӣ ҷаллодтару бедодгартар аст. Мана, дар бораи онҳо дар рӯзнома чӣ навишта шудааст.
Сафар аз рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» хабари зеринро хонда дод:
– «Ҷаллодони немисӣ – фашистӣ дар қишлоқу шаҳрҳои Белоруссия нисбат ба аҳолии осоишта таҷовузкорӣ ва таҳқиркуниро торафт ривоҷ дода истодаанд. Отряди солдатҳои фашист ба қишлоқи Костюков омада, ҳамаи чизу чораҳои деҳқононро кашида гирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё