Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Чаро хомӯш мондӣ, очаҷон, ба ту чӣ шуд? – гӯён Сафар ҷаҳида ба паҳлӯи модараш гузашт ва дасташро ба гардани ӯ партофта аз рӯи пурожангаш бӯса кард.
Модар ҳанӯз мадҳуш буд, забонаш ба гап намерафт.
Фақат баъд аз он ки рӯю лабҳои аз ҳаяҷон тафсони фарзанд ба рӯи модари меҳрубон расиданд, аз чашмони камнуршудаи модар ашк шашқатор шуд ва аз паси ин ашк роҳи гулӯ каме кушода шуда бо овози ғамгини ларзон гуфт:
– Боз ба очаи сарсахтат худо бекас монданро раво дид магар, писарам?
– Ин тавр нагӯй, очаҷон! Замонҳои бекасию ғарибӣ кайҳо аз сари ману ту дафъ шудаанд, – гуфт Сафар ба модараш бо оҳанги эътироз, – худат фикр кун, ба аскарӣ як писари ту намеравад-ку. Дигарон ҳам ман барин модар, падар, оила доранд, оё ҳама ғариб шудан мегиранд?
– Одамҳо ака, ука, зану фарзанд доранд, мани як по дар гӯр ғайр аз ту кӣ дорам? – ҷавоб дод модар бо нӯги қарсаш ашки чашмонашро пок карда.
Ин ҳасрати модар дар фикри Сафар ҳам хаёлу андешаҳои дурро бедор кард. Падари дар замонҳои босмачигарӣ дар дасти қӯрбошиён ҳалокшудааш, баробари солҳои гуруснагии ҳазору нӯҳсаду бисту як – бистуду вафот кардааш ба ёдаш омад. Чашмонашро пардаи ашк фаро гирифт. Вале Сафар зуд худдорӣ кард, гапро ба мавзӯи дигар гузаронд.
– Солҳое ки ман дар сағирахона ва баъд дар мактаб будам, худат мегуфтӣ, ки дар деҳа ту танҳо нестӣ. Калонсолон бародару хоҳар, хурдсолон духтару писарат барин шуда мондаанд, бо онҳо бемалол дар сари як дастархон нишаста ошу нон мехӯрдӣ. Ҳозир ҳам бошад, дар қишлоқ ҳамон одамҳо ҳастанд, оча! Наход меҳру муҳаббати деринаи онҳо имрӯз дигар шуда бошаду дар набудани писарат ту ғариб монӣ?!
Модар хомӯш монд. Вай аз хусуси меҳру муҳаббати самимӣ доштани ҳамдеҳаҳои худ ҳақ будани фикри писарашро инкор карда наметавонист. Вале барои модар дар айни ба камолрасӣ ва нашъунамо ёфтани умри ҷавонии писараш аз вай ҷудо шудан кори осон набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё