Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ё аз хусуси мактаб калонҳои марказ ягон гап заданд? – Боз бо кунҷковӣ пурсид модар. – Авзот ҳаррӯза барин не, писарам, дар дилат ягон дард доштагӣ барин.
Сафар мувофиқи қарордоди худ модарашро аз гап хабардор карданӣ шуд. Вай хесту чорзону нишаст ва бо сарахбори мулоим сухан сар кард:
– Оча, росташро гӯям, ту аз афтам дар дилам чӣ буданашро дуруст пай бурдӣ. Ман мехостам аз ҳоло ин хабарро расонда дили туро вайрон накунаму ҳамаашро рӯзи ба иҷрои хизмат рафта истоданам гӯям. Акнун дар болои хӯрок хуб набошад ҳам, ба гуфтан аҳд кардам.
Модар бо чашмони ҳайратангез, бо дили пуризтироб ба писараш нигоҳ мекард.
– О, писарам, бисту ду сол туро парвариш карда калон кунаму боз аз авзоят надонам, ки дар дилат чӣ гап дорӣ?
– Рост мегӯӣ, ман ин гапро дар дилам як рӯз бошад ҳам, ғунҷонда натавонистам, худаш ҳам гапи хурд не, – ҷавоб дод Сафар.
– Хайр, тезтар гап зан акнун, дилам танг шуд, – гӯён модар ба пеши Сафар наздиктар нишаст, – худаш ягон хабари хуш-мӣ ё...
Сафар сухани модарашро бурида, оромона гуфт:
– Ман ба ту ду-серӯза меҳмон ҳастам, оча.
– Меҳмонаш чӣ, ин чӣ гуфтагет, худо нигоҳ дорад, писарам!
– Яъне баъди ду-се рӯз ба аскарӣ меравам.
Модар баробари шунидани ин хабар бо бесабрии фавқулода такрор пурсид:
– Ба аскарӣ, ба ҷанг?
– Ҳа, ба аскарӣ, – ҷавоб дод Сафар ба симои ҳамон замон тағйирёфтаи модараш бо диққат чашм дӯхта, – лекин ҳоло ба ҷанг не.
Модар ҳушу хаёлашро гум кард ва охирин сухани Сафарро ҳам нашунида монд, гӯшаш ғуввос мекард, дилаш гуп-гуп мезад, роҳи гулӯяшро чизе фишор дода меомад ва дасту пойҳояш меларзиданд, лабҳояш ҷунбида, худ ба худ оҳиста чизе мегуфт.

пешина
аз 333
навбатӣ