Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Юнусбобо ба рӯи Сафар нигоҳ карда, аз нотинҷ шудани ӯ пай бурд ва тарафи ӯро гирифта гап зад.
– Гапи шумо ҳам ҳақу лекин ҳар кор дар вақту соати худаш буд мешавад, хоҳар. Арӯс бошад, гурехта нарафтааст, вай дар пеши чашми худатон...
Юнусбобо дар охири суханаш ба сӯи Сафар нигоҳ карда, чашмак зад. Сафар дарҳол сарашро поён фуроварда, худашро ба нофаҳмӣ андохт.
Модар ҳамон дақиқа як ба Юнусбобо ва як ба Сафар назар афканд. Дар аснои ба Сафар чашм партофтан хомӯш, сархам нишастани ӯро диду ба фикраш хулосаи дигареро овард. Вай гумон мебурд, ки Сафар аз модар рустӣ дар ин хусус ҳам ягон коре кардагист.
– Вай кадом арӯс будааст, ки дар пеши чашм бошаду ман набинам?! – Дар овози модар норизоӣ ҳис карда мешуд.
Сафар сарашро бардошта бо шармгинӣ ба модараш гуфт:
– Бобо шӯхӣ мекунанд.
– Чӣ шӯхӣ? Ҳеҷ ҷои шӯхӣ надорад, додар, – эътирозомез гуфт Бобо ба Сафар ва дарҳол оҳанги суханро тағйир дода, боз илова намуд, – акнун аз ман пинҳон доред ҳам, дар пеши волида рости гапро гуфта, дили ин касро аз ҳар гумони бад холӣ кунед.
– Гапи набудагиро монед, Бобо, – боз рад кард Сафар ва рӯю пешониашро арақи шарм зер мекард.
– Ҳа, писар, – гӯён модар ба Сафар нигоҳ кард, – чаро сирри давлатро аз ман пинҳон медорӣ?.. Ё аз Сталинобод ягонта оимча овардӣ? Гӯй, майлаш, дил дили Зайнаб, якдигарро хоста бошед, ман чӣ гуфта метавонам. Замонҳое ки ихтиёри зангирию духтарбарорӣ дар дасти падару модар буд, гузашта рафт.
– Не, гап ин хел не, хоҳар, – гуфт Юнусбобо худаш ба баён кардани қисса сар карда. Дар ин вақт Сафар бо баҳонаи ёзидан аз ҷояш хеста, аз назди онҳо дур шуд. Юнусбобо ба гап давом кард.
– Ин гап ҳоло дар байни худамон монад. Агар насиб карда бошад, олам гулистон, гул ба гулдон, булбул дар шохи он ғазалхон мешавад. Дуо кунем, ки писар сиҳат – саломат аз адои хизматаш баргашта ояду ҳар ду ба остонаи як хона пой монанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё