Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Тасдиқи равшан худи Сафар аст, рафиқ генерал, – илова кард подполковник Рустамов.
– Мутлақо дуруст гуфтед, – тасдиқ кард генерал ва пурсид, – хӯш, акнун аз деҳа, аз хонаи худ гап занед.
Сафар тасвири Ҷӯйборро кард, ки генерал он ҷоро даҳхо сол ин ҷониб надида буд.
– Хӯш, аҳволу зиндагии Бобои мо чӣ тавр? – генерал ба корди дудамаи болои миз хобидаи дастааш садафин ишора карда пурсид.
– Бад нест, рафиқ генерал. То ба ҷанг омадани ман боғбони мактаб буд. Ҳозир саркори номдори колхози «Коммуна» аст. Мувофиқи мактуби охирин, ҳукумат он касро бо ордени Ленин мукофотонидааст.
– Офарин, мӯйсафед, – гуфт генерал ва боз пурсид.
– Дигар хешу таборҳоятон чӣ ҳол доранд?
– Дигар ҳеҷ хешу табор надорам, рафиқ генерал.
Ятим, бекасу кӯй ҳастам...
– Модаратон-чӣ? – пурсид генерал.
Сафар як дақиқа хомӯш монда, баъд ғамгинона лаб ҷунбонд:
– Модарам... – гӯён вай дигар гап зада натавониста сарашро хам кард...
Аз ин вазъияти Сафар якбора тарҳи рӯи генерал иваз шуду абрӯвони сермӯи кӯтоҳ – кӯтоҳи худро чинкунон аз ҷояш бархост ва назди Сафар омад.
– Ҳа. чӣ шуд? – пурсид генерал.
– Вафот кард...
– Кай?
– Қариб як моҳ пеш, имрӯз мактуб гирифтам.
Генерал як дам Сафарро ба ҳоли худ гузошта, аз кисааш папирос бароварда кашиду баъд аз каме сукут, ба китфи Сафар даст монда орому маъюсона гуфт:
– Оре, писари азиз, ба сари шумо кулфати сахт афтодааст. Аз модар маҳрум шудан, боз дар як вазъияте, ки ду чашми ӯ ба роҳи шумо чор буд, хеле андӯҳи вазнин аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо