Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Генерал гоҳ нишаста, гоҳ бархоста, чашмони кабудчатоби хандони худро аз Сафар намеканд ва бо овози ғафси вазнин пай дар пай ба Сафар савол медод.
– Ба чанд даромадед?
– Бисту се, рафиқ генерал.
– Бинед, йигити калон шудаед. Маро мешиносед?
– Хуб нашиносам ҳам, медонам, рафиқ генерал.
– Албатта дар он солҳо шумо хеле хурд будед. Мо бошем, он вақт мисли шумо ҷавон будем. Аз аввали ҷанг дар аскарӣ ҳастед?
– Аз декабри соли чилу якум.
– Ба фикрам, шумо ҳам, рафиқ Рустамов, ба дивизияи мо моҳи декабри соли чилу як омада будед? – Пурсид генерал аз подполковник Рустамов, ки аз паҳлӯи рости Сафар менишаст.
– Ҳамин тавр, рафиқ генерал.
– Дидед, ҳамон вақт бо шумо саргузаштҳоро ҳикоя карда будем, ки ин аз фоида холӣ нашуд. Бинед, чуноне ки русҳо мегӯянд: Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад... Боз чӣ тавр вохӯрии аҷоиб! Инро мӯъҷиза гӯед ҳам, кам аст. Бачаи як вақтҳо сару танбараҳнаи ба чанголи марг додашуда имрӯз дар рӯ ба рӯи шумо дар либоси афсарӣ, дар либосе, ки ӯ ҳеҷ гоҳ пӯшидани онро хаёл ҳам намекард, сари синаашро орденҳо зебдода нишастааст...
– Не, рафиқ генерал, – иҷозат пурсида гуфт Сафар, – ҳамон вақте ки дар ҷузвдони шахсии худам хати шумо навиштаро хонда метавонистагӣ шуда будам, дар дилам орзуе пайдо шуда буд, ки ман ҳам ягон вақт либоси ҳарбӣ пӯшам.
– Набошад, ин орзуи дерина аст гӯед?
– Ҳамин тавр, рафиқ генерал.
– Баъд аз ҷанг ин либосҳоро иваз карда, албатта боз ба сари мизу лавҳа меравед?
– Агар хоҳиши маро пурсед, мехоҳам то охир дар хизмати ҳарбӣ монам, рафиқ генерал.
– Бисёр хоҳиши хуб. Ана ҳамин тавр, аз байни он халқе, ки буржуйҳо аз аслиҳа додан ба дасти он метарсиданд, дар замони мо на фақат аскарҳои қаҳрамон, рафта – рафта афсарони кордон, генералҳо, маршалҳо мебароянд.

пешина
аз 333
навбатӣ