Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Бо иҷозати капитан Володин рафта будам, рафиқ фармондеҳи баталйон, – ҷавоб дод Сафар.
– Медонистам, ки ин қадар бедарак мешуудед, як дақиқа ҳам намемондам. Медонед, шуморо ду соат инҷониб сӯроғ мекунанд?
– Не, намедонам.
– Надонед, ҳозир мефаҳмед, – гуфт комбат ва ба назди телефони саҳроӣ рафта бо кадом касе гуфтугӯ кард ва омадани Сафарро хабар дод. – Хуб, ҳозир мефиристам, – ҷавоб дод ба телефон фармондеҳи баталйон Дяченко ва гӯшаки телефонро ба ҷояш монда, боз ба Сафар гуфт: – Шуморо падархондатон ҷустуҷӯ мекунад. Мегӯянд, ки вай хеле одами калон аст. Сарулибос ва ӯқиёфаатонро ба тартиб дароварда, нишонҳои нави афсариро зада, баъд зуд ба пункти фармондиҳии полки 313 равед. Чуноне ки хабар доданд, шумо ҷои ин КП – ро медонистаед. Дар он ҷо подполковник Рустамов ба шумо мунтазир. Фаҳмидед?
– Фаҳмидам, рафиқ капитан. Иҷозат диҳед равам.
– Равед. Баъди бозгашт албатта бо ман вохӯред.
– Итоат, рафиқ капитан!
Сафар дар блиндаже, ки дар як пастхамӣ мисли ғор канда шуда буд ва аз блиндажҳои одии дар қисми худ дидааш чандон фарқ намекард, рӯ ба рӯи марди либоси генералпӯше менишаст, ки мӯю ришаш мошубиринҷ буда, шонапаҳни миёнқад, сари синааш бо чандин орденҳо зинат ёфта буд ва дар мобайни онҳо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат»-и Тоҷикистон ҳам дида мешуд. Чароғи одии дастӣ аз мобайни мизи начандон калон байни Сафар ва генералро равшан мекард. Дар паҳлӯи рост, дар девор харитаи калоне овезон буд, ки ба рӯяш байрақчаҳои сурхи бисёре халонда шуда буданд. Дар болои миз, ғайр аз асбобу ашёи хатнависӣ, инчунин корди дастааш сафеди Юнусбобо ҳам меистод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо