Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Чӣ шуд?.. Оё ягон хабари нохуш омадааст? – Осмухин якбора нимхез шуда пурсид.
– Модарам, – гуфт Сафар бо андӯҳ, – мурдааст.
– Модарат? Кай, чӣ хел?
– Шушаш шамол хӯрдааст...
Осмухин аз дасти Сафар дошта, ӯро ба пеши худ шинонда, як дам тасаллӣ дод ва бо маъюсӣ гуфт:
– Бечора кампир... Ӯ ҳам қурбони ин ҷанги лаънатӣ шуд... Касони дар ақибгоҳ ҳам аз мо камтар азоб накашиданд... Ба гармою сармо нигоҳ накарда, шабу рӯз дар ғами ҷабҳа меҳнати шадид кардан кори осон нест...
Бародарам Сафар, хафа нашав... Қарзи мо акнун ҳамин аст, ки хотираи модаратро дар дил маҳкам ҷой карда, барои ӯ ҳам аз ин душмани палид, ки ба сари халқамон ин қадар бадбахтиҳо овардааст, сахт қасос гирем...
Чунон қасос гирем, ки...
Сафар ин суханҳои капитан Осмухинро бо сари хам ва маъюсӣ мешунид. Илова ба ин, сатрҳои охирини мактуби Зебӣ ба дили ногаҳон маҷрӯҳшудаи Сафар даво мебахшид. Зебӣ мактубро бо ҳамин сатрҳо ба охир расонда буд:
«Шумо, азизам, дилпур бошед, ки дар ин ҷо чароғи модаратон ҳеҷ гоҳ хомӯш намешавад, онро минбаъд дӯст ва шарики вафодори шумо Зебӣ боз равшантар даргиронда, роҳи омади шуморо бо мижгонҳояш хоҳад рӯфт...»
БОБИ СИЮ ДУЮМ
Сафар аз назди Осмухин ба ҷузвитоми худ омада
буд, ки ӯро фармондеҳи баталйон ҷеғ зад.а
– Дар куҷоҳо сайругашт карда гаштед, рафиқ лейтенанти хурд? – фармондеҳи баталйон худро ҷиддӣ нигоҳ дошта гап заданӣ шавад ҳам, аз чӣ сабаб бошад, ки дар чашмони ӯ хурсандӣ ҳис карда мешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо