Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чаро?
– Ин тавр ки бошад, барои чӣ маро дидан замон гиря кардӣ?
Ҳама аз ин доноии духтарча, ки Осмухинро дар вазъияти нобоб мегузошт, завқкунон хандиданд.
– Рост гуфтӣ, духтаракам... Ман ҳам акнун дигар гиря намекунам...
Сухани онҳоро иҷозати даромадан пурсидани касе аз берун бурид. Беҳдордухтар давида баромаду баъд аз як-ду дақиқа баргашта, ба Сафар хабар дод:
– Робитачиатон шуморо кофта омадааст.
– Канӣ?
– Дар берун.
– Бигузор дарояд, Люба. – Илтимос кард Осмухин.
Ермак ба хайма даромада, ба ҳамаи ҳозирон чашм давонду ғайр аз Сафару Коробко ягон каси либоси ҳарбипӯшро надида, ба Сафар муроҷиат кард:
– Рафиқ сержанти калон, – гуфт аввал Ермак ва баъд забонашро хоида, гапашро аз нав такрор кард, – мебахшед, рафиқ лейтенанти хурд, иҷозат диҳед муроҷиат кунам?
Сафар ба гирду пешаш нигоҳ карда, тааҷҷуб мекард, ки Ермак ба кӣ муроҷиат мекунад.
– Ба кӣ мегӯӣ? – пурсид Сафар.
– Ба шумо, рафиқ лейтенанти хурд, – ҷавоб дод Ермак дасташро аз чакааш нагирифта.
– Ту маст ҳастӣ ё ҳушёр? – гуфт Сафар.
– Заррае маст нестам, рафиқ лейтенанти хурд, – гуфт Ермак ва давом дод, – фармон барои аскар қонун аст.
Иҷозат диҳед, аввало шуморо бо рутбаи нав табрик гӯям, – ва боз пештар омад Ермак.
Баробари ин хабари вай ҳама Сафарро самимона муборакбод карданд. Баъд аз ин Ермак ба дасти Сафар мактуби аз диёраш омадаро доду мувофиқи фармони фармондеҳ баталйон зуд ба ҷузвитом ҳозир шудани ӯро хабар дод.
Сафар дар давоми сухани ӯ бо хоҳиши Осмухин мактуби аз Зебӣ омадаро кушода, чашм давонду баъд аз ба сатрҳои миёнаи мактуб расидан рангаш тағйир ёфта, дастонаш ҷунбида, лабҳои ғафси торс – торс кафидааш монанди барг ларзидан гирифтанд.

пешина
аз 333
навбатӣ