Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Бигузор хотираи азизи ӯ дар дили шумо, дар дилҳои ҳамаи он касоне, ки ӯро медонистанду мешинохтанд, зиндаи ҷовид монад.
Генерал Балашов дасташро аз китфи Сафар бардошта, ба сари сермӯи ӯ гузошт ва мӯи парешонашро падарвор оҳиста се-чор бор силакунон давом дод:
– Шумо мегӯед, ки акнун ятими бекасу кӯй ҳастед.
Не, ҳаргиз! Ин гуна фарзанде, ки бо садоқати худ ба меҳру муҳаббати самимонаи як не, садҳо, балки ҳазорон падарону модарон, ёру бародарон сазовор гаштааст, ҳеҷ гоҳ ятиму бекасу кӯй нахоҳад шуд, писар!
Сафар ашкашро пок карда, маъюсона сар бардошт.
Чашмони сурхчатоби ӯ беихтиёр ба корди дудама, ки дар рӯи миз мехобид, афтод Дастаи садафкории корд дар шӯълаи равшани чароғи хона рангоранг ҷило медод ва Сафар каме ба хаёл рафта, дар ҳар ҷилои он гӯё акси Юнусбобо ва Зебиро медид, ки онҳо низ ба ӯ мегуфтанд:
– Сафар, ту ҳаргиз ятими бекасу кӯй нестӣ!..

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо