Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Кадом лейтенант? – пурсид Коробко.
– Кадом лейтенант мегӯӣ, лейтенант Осмухин.
– Э, бародар, ту аз ҳаёт қафо мондаӣ... – ҷавоб гардонд Коробко.
– Чаро? Оё ба вай ягон ҳодиса рӯй дод? – тарҳи рӯи Сафар дигаргун шуду дилашро ваҳм фаро гирифт.
– Ту чӣ, гумон мекунӣ, магар вай ба ин ҷо барои зочабозӣ омада буд? – боз гап зад Коробко Сафарро бештар дилтанг карда.
– Медонам, ба ҷанг омада буд... – ғамгинона ҷавоб дод Сафар.
– Ҳамин тавр, ки бошад, оё ба фикри ту касе, ки дар ин хел ҷанги ҳафт пушти одамизод надида қаҳрамонӣ нишон диҳад, боз магар як умр командири рота мондан мегирад? – гуфт Коробко кам – кам ба мақсад наздик шуда.
Баъд аз ин гуфтаи Коробко дили Сафар қадре ором гирифт.
– Барвақттар намегӯӣ? Ҳушамро паррондӣ...
– Бо ин табиати нозук то ин вақт чӣ хел ҷангидӣ? – киноя кард Коробко.
– Биё, гапро кашол надеҳ, лейтенантро аз куҷо дидан мумкин? – боз саросемавор пурсид Сафар.
– Аввал ки, лейтенант не, капитан Осмухин гӯй, – ба гап Степан ҳамроҳ шуд.
– Дуюм ҳамин ки, фармондеҳи рота не, фармондеҳи баталйон Осмухин.
Чашмони Сафар гоҳ ба Коробко, гоҳ ба Степан нигоҳҳои шӯълавар мекарданд.
– Ин тавр бошад, ҳар дуятон ҳам хезед, ҳамроҳ ба наздаш равем, муборакбод кунем... – Сафар аз рафиқонаш илтимос карда, ҷаҳида аз ҷояш бархост.
– Ҳозир ба назди ӯ мемонда бошанд? – ба Коробко саволомез нигоҳ карда гуфт Степан.
– Чӣ, бо ӯ вохӯрдан магар ҳамин қадар душвор аст?
– Сафар тааҷҷуб кард.
– Магар тартибу қоидаи бемористонро намедонӣ? – Коробко ба худи Сафар бо савол муроҷиат кард. Авзои Сафар аз нав дигаргун шуда, дар ҳайрат афтод.
– Ба гапҳои шумо ҳеҷ сарфаҳм рафта намешавад...

пешина
аз 333
навбатӣ