Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Сарфаҳм рафтан душвор нест, – ҷавоб дод бепарвоёна Коробко, – гап дар ҳамин ки фармондеҳи баталйонамон омада – омада шаш – ҳафт рӯз пеш аз ин захмдор шуда, дар соҳили чапи Волга, дар бемористон хобидааст.
– Чӣ, магар ҷароҳаташ вазнин аст? – пурсид Сафар.
– Он қадар не, ҳозир хеле беҳтар... Мо дирӯз захмдоронро ба он ҷо бурда, дида будем, – гуфт Степан.
– Шумо наравед, ҷояшро гӯед, худам рафта мебинам, – гуфт Сафар.
– Ҳеҷ гуфтан ҳоҷат нест, – ҷавоб гардонд Коробко ва бо сараш аз ҷои истодааш чакалакзореро, ки дар он тарафи Волгаи яхбаста намудор буд, нишон. дод. – Ҳу ана, дар мобайни ҳамон буттазор.
– Хуб, ман рафтам, – гӯён Сафар ба нияти рафтан афтод.
– Сабр кун, мумкин аст ҳамроҳ равем, ҳозир ман рафта аз фармондеҳ пурсам. – Коробко ҳам аз ҷояш бархоста ба назди фармондеҳаш рафтанӣ шуда буд, ки Сафар ӯро аз роҳ дошта хабар дод, ки духтарчаи Осмухин дар қисми беҳдории онҳост ва маслиҳат пурсид:
– Чӣ тавр кунем, ки ин хабарро ба ӯ расонем?
– Ҳамин дардатро барвақттар намегӯӣ, – гуфт Коробко ва ба ӯ маслиҳат дода гуфт:
– Хуб мешавад, ки якбора духтарчаи ӯро ҳам бурда нишон диҳӣ. Медонӣ, ин корат ба ӯ аз сад даво ҳам зиёдтар шифо мебахшад.
– Хуб, ин хел бошад, ман давида рафта духтарчаро меорам, шумоён ҳам аз фармондеҳи худ ҷавоб гирифта, дар ин ҷо мунтазири ман бошед, – гӯён Сафар барои овардани духтарчаи Осмухин, ки дар қисми беҳдорӣ буд, баргашт.

БОБИ СИЮ ЯКУМ

Дар пеши яке аз чодирҳои брезентии бемористони
саҳроӣ, ки дар соҳили чапи Волга, байни чалакзоре ҷойгир шуда буд, қариб ҳамаи ҳайати шахсии ходимони бемористон ҷамъ омада, ба духтарчаи ҷӯёи падар бо меҳру муҳаббат чашм медӯхтанд, ба забони ширин, мисли бачаҳои калонсол пухта – пухта гап задани ӯ бо завқ гӯш медоданд.

пешина
аз 333
навбатӣ