Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Кошкӣ!
– Ҳозир ба куҷо меравед?
– Ба дивизияи генерал Людников.
– Чӣ, магар ба он ҷо бо ягон супориш меравед?
– Не. Ман аввал дар ҳамин дивизия будам. Дар он ҷо як фармондеҳи шиноси кӯҳна дорам. Рафта ҳамонро диданӣ ҳастам.
– Фаҳмидам, ин дивизия ҳамсояи мо буд, дар он ҷо якчанд тоҷикбачаҳо ҳам буданд. Ҳозир вай дар куҷо?
– Ҳа, як аскар гуфт, ки дар паси ҳамин хонаҳо, дар пастхамӣ будааст.
– Хуб, гӯш кунед. Баъд аз рафиқонро дида баргаштан ба КП-и1 ман биёед. КП-и ман дар сари кӯчаи шаҳраки Баррикада. Ба он ҷо баромада аз посбонҳои он ҷо фармондеҳи полки 313 подполковник Рустамов дар куҷо меистад гӯед, ба шумо нишон медиҳанд. Ман набошам ҳам, мунтазир шавед, – гуфт кордро ба Сафар дода, подполковник Рустамов – ҳамон Рустамове, ки ноябри соли 1941 дар рутбаи капитанӣ дошту дар остонаҳои Маскав бо генерал Балашов вохӯрда, аз ӯ қиссаи ин ҷавонмарди ҳоло ришу мӯйлабаш расидаро шунида буд.
Сафар бо подполковник Рустамов хайрухуш карда:
– Хуб, рафиқ подполковник, албатта меоям, – гӯён ба сӯи дивизияи Людников роҳ гирифт...
Сафар дар дивизия, алалхусус дар ротаи собиқи худ аз он шиносу рафиқони ҳамяроқаш танҳо ду-се касро ёфта тавонист. Дигарон дар ҷангҳои хунин бар зидди қувваҳои чандин баробар зиёди душман ҳалок ё захмдор шуда, аз саф баромада буданд.
Аз ҷумла онҳое, ки Сафар дар ин ҷо вохӯрда буд, ҷанговарони ротаи Осмухин – Коробко ва Степан Шестак буданд. Ҳар кадоми онҳо ҳам се-чорборӣ захмдор шуда, боз ба сафҳои ҷангии ҷузвитоми худ баргашта буданд.
– Лейтенант дар куҷо? – Баъд аз пурсупосҳои умумӣ аз ҳамротаҳои худ пурсид Сафар.

КП – пункти фармондиҳӣ.

пешина
аз 333
навбатӣ