Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ҳозирон қадаҳҳои пур аз шаробро ба даст гирифтанд. Соболь ба ҳама муроҷиат карда гуфт:
– Қадаҳи аввалин барои Ватан... Барои ғалаба, рафиқон!..
...Дере нагузашта вақту соати ҷомаи амалпӯшидани ин орзуи нек, ки барои вай дар тамоми хоки бепоёни мо миллионҳо ин гуна қадаҳҳои солинавӣ бардошта шуда буданд, расид...
БОБИ БИСТУ НӮҲУМ
Баъд аз даҳ рӯзи дигар, субҳи барвақт ғулғулаи баланди тӯпу миномётҳо, ҳавопаймову танкҳо замину осмонро ба ларза оварданд...
Дадабой, ки аз сангари худ сар бардошта, мувофиқи гуфти худаш, ба ин «қиёмат» ба ҳаяҷон назар мекард, ба Сафари дар паҳлӯяш ҳозиршуда овозашро баланд сар дода гуфт:
– Осмон ба сари фритсҳо фурӯ рафт...элликбошӣ !
– А, чӣ гуфти ? – гӯшашро ба таги манаҳи Дадабой овард Сафар. Дадабой ҳам ба гӯши вай боз баландтар гап зад:
– Осмон ба сари немисҳо фурӯ рафт, мегӯям.
– Ба тухми онҳо қирон омад, қирон... – ҷавоб гардонд Сафар ҳам овозашро баланд сар дода.
Ба гап Ермак ҳамроҳ шуд.
– Ана инро мусиқии симфонии ҷабҳа меноманд...
– Ермак, – гуфт номи ӯро гирифта Сафар, – боз як бор ба фармондеҳони отделения хабар деҳ, ҳамин, ки танкҳо пеш гузаштанд аз қафои онҳо якбора ба ҳуҷум!
– Итоат, рафиқ сержанти калон.
Ҳамин ки оташи тӯпу миномётҳо ба дарунтари мавқеи немисҳо равона карда шуд, аз паси сангарҳо, заминканҳо пиёдааскарони шӯравӣ, аз пастхамиҳо, сойҳо ва чуқуриҳо танкҳои сабук, миёна ва вазнин бо ғурриши муҳаррикҳои худ ба садои тӯпҳо ҷӯр шуда, барфу хоки заминро ба ҳаво бардошта, пеш даромаданд. Дар болои ин танкҳо ҷанговарони ҳама либоси якхелаи сафед пӯшидаи автоматдор сина ба пеш дода менишастанд. Баробари аз хатти пеши ҷанг гузаштани танкҳо, аз паҳлӯи росту чапи взводи Сафар «ура» баланд шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо