Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Фармондеҳи отделенияҳоро ҷеғ зан, – ба Ермак фармуд ӯ.
Аз байн панҷ – даҳ дақиқа нагузашта, ба заминкани Сафар фармондеҳони се отделенияи взвод – Нехода, Йӯлчӣ, Григорян яке аз пайи ҳам даромада омаданд.
Фармондеҳи отделенияи чорум Дадабой буд. Соат панҷ дақиқа кам дувоздаҳ шуд. Сафар ба ҳар як шарфаи пое, ки аз роҳрав шунида мешуд, бетоқатона гӯш медод.
– Боз ба кӣ мунтазирӣ ? – пурсид Дадабой.
– Як ошнои навам омаданӣ буд, – гуфт Сафар номашро нагирифта.
Дадабой «кӣ вай» гӯён савол дода буд, ки аз дар ба заминкан ҷавонмарди шонапаҳни пешона васеъ, устухони биниаш каме дӯнги нӯгаш сармозада иҷозат пурсида даромад. Сафар аз ҷояш хеста, ба истиқболи ӯ рафту даст дода, гуфт:
– Се дақиқа вақт монд, тезтар болопӯшатро каш, бародар.
– Дар се дақиқа кашшофон чӣ корҳоеро, ки намекунанд, ҳоло-ку як болопӯш кашидан, – гӯён болопӯшашро кашид он ҷавонмард. Вай дар тан гимнастёркаи нави моҳути хокӣ, ки сари синааш пур аз ордену медалҳо буд ва дар гиребонаш аломати сержантӣ дошт. Ин ҷавонмард – ҳамон кашшоф Собол буд, ки ҳамроҳи Сафар ба разведка рафта буд.
Собол зуд аз паҳлӯи Сафар гузашта нишаст ва ба шишаҳои шароб назар андохта, гуфт: – Ту инҳоро аз куҷо ёфтӣ ?
Сафар ба Ермак ишора карда, бо киноя ҷавоб гардонд:
– Чуноне ки Ермаки мо мегӯяд, тӯҳфаи солинавии ҷаноби Геринг ҳам ба соҳибонаш насиб накардааст...
– Ҳа, воқеан, худи ҳозир ду ҳавопаймои боркаши онҳо ҳамаи тӯҳфаҳои солинавии худро ба мавқеи баталйони ҳамсоя партофтааст, – гуфт сержант Собол.
– Тоҷикон як мақол доранд: «чизи дуздӣ ҳеҷ вақт ба кас насиб намекунад»... – илова кард Сафар ва боз ба соаташ чашм дӯхту баъд ба ҳама таклиф намуд: – Канӣ, бардоштем.

пешина
аз 333
навбатӣ