Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Худат чӣ тавр, акнун зиёфати ин орден ва рутбаи навро кай мехӯрем? – Сафар ба рутбаи сержанти хурд ва ордени сари синаи ӯ ишора кард.
– Чӣ тавре ки мебинӣ, мех барин боқувват ҳастам.
Зиёфат бошад, ҳар вақт фармоӣ, тайёр, – ҷавоб дод Дадабой ва худаш низ ба ордени Ситораи Сурхи дар шӯълаи чароғ ҷилодиҳандааш, ки барои нишон додани шуҷоат ва мардонагӣ дар ҷангҳои охирини рахнаи хатти мудофиавии немисҳо гирифта буд, бо гӯшаи чашмаш як нигоҳ карда монд.
– Дадабой, дар хотир дорӣ, вақти дар қисми тоҷикии Сталинобод буданамон бо командири отделения Даврон гӯштин гирифта, ба таънаи вай «мардро дар майдон бин» гуфта будӣ ?
– Ҳа, ҳа, дар ёдам ҳаст... Даврони гӯшкалон.
– Канӣ акнун ҳозир вай туро бо ин ордену медалҳо бинад... Ту чӣ мегуфтӣ ?
– Чӣ мегуфтам, боз «мардро дар майдон бин»
мегуфтам хап меистодам.
– Вай аз ту зиёдтар ордену медал дошта бошад, чӣ мегуфтӣ ?
– Ҳамон вақт ҳам «мардро дар майдон бин» гӯён аввал худам ба ӯ офарин мехондам...
– Бале, Дадо, хуб гуфтӣ.
– Рост, ошно... Касе ки дар ин майдон мардӣ нишон додааст, ҳалолаш бод!..
– Ҳалоли ту ҳам бод, Дадо... – Сафар аз гапҳои самимонаи Дадабой ба шавқ омада, ба китфаш даст бурду ӯро ба оғӯш кашид. Дадабой ҳам дасти худро аз паҳлӯи Сафар гузаронда, ӯро ба оғӯш гирифта гуфт:
– Коре карда, аз ин ҷанг дар пеши аҳли маҳаллаю деҳаи худ забонкӯтоҳ нашуда бо рӯи сурху болодастӣ баргардем, аз ин дида давлати калон нест.
– Албатта ҳамин тавр мешавад, ошно... Акнун на фақат номи зафар, балки худи зафар бо мост...
Ермак аз як дам хомӯшии онҳо фоида бурда, аз Сафар вақтро пурсид.
– Эҳе, чоряк кам дувоздаҳ шудааст, – ҷавоб дод Сафар ба соати дастиаш нигоҳ карда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо