Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Пас ин чизҳо аз куҷо пайдо шуданд?
Ермак бо нуқтадонии худ гуфт:
– Аввал шумо баҳузур гузашта шинед, баъд мефаҳмед.
– Не... на фақат аз гитлерчиён, ҳатто аз даст расондан ба чизҳои онҳо кас ҳазар мекунад... – гуфт Сафар бо ҷиддият.
– Э, э, э... рафиқ сержанти калон, – гуфт Ермак, – магар он гушначашмон ин хел чизҳоро аз бисоташон ба осонӣ медиҳанд? Ҳамаи инҳоро онҳо, ба куҷое, ки пои нопокашон расидааст, дуздидаанд.Мана ин кати кадом як беморхонаи Украина, – Ермак мӯҳри ба брезенти кат задашударо нишон дод, – ин мизча аз кадом як мактаби Сталинград, обдону дӯлча дар Варшава сохта шудааст, ана ин атр бошад, аз Париж, ин шаробҳо аз Молдавия. Як ана ҳамин оинаро муайян карда натавонистем ва қарор додем, ки касе ба вай нигоҳ кунад, аз они ҳамон...
– Ин хӯрокиҳо аз куҷо омад? – боз савол кард Сафар.
– Мо нақлиёти махсуси ҳавоӣ дорем, ки аз тарафи ҷаноби Геринг таъйин карда шудааст. Ҳар рӯз расо соати ёздаҳ – дувоздаҳи шаб ба мо истеҳқоқи иловагӣ меоварад... – ҷавоб дод Ермак ҳавопаймоҳои немисии шабона парвозкунандаро ба назар гирифта, ки онҳо ба қӯшунҳои дар иҳота мондаи гитлерӣ озуқа мекашонданд ва гумроҳ шуда, борҳои худро аксар ба мавқеи қӯшунҳои мо мепартофтанд.
Ермак аз берун шарфаи пойи касеро шунида, ба пешвози вай баромад.
Ба заминкан Дадабой, ки ду рухсораш ва нӯги бинии паҳнаш аз аёс суп – сурх шуда будАНД, даромад.
– Оббое, элликбошӣ... Хуб пазмон кардӣ-дия... ҲарчИ тамоман сиҳат шуда омадӣ ?
– Ҳа, захми по зуд сиҳат шуд...
– Устухонаш безарар аст?
– Ҳа, ба устухон тир нарасидааст.
– Ҳамаи гап дар ҳамин... Устухон солим бошад, ҷои гӯшт боз пур мешавад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо