Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дода гуфт:
– Фармондиҳӣ шуморо барои диловарона адо кардани фармони ҷангӣ табрик мекунад ва бо ордени Ситораи Сурх тақдир менамояд. Аз «забон»-и дошта овардаи шумоён маълумотҳои хеле пурқимат ба даст омад. Ва барои инсонпарварии лоиқи таҳсини шумо шахсан аз номи худам ва фармондеҳи дивизия ташаккур изҳор мекунам.
Полковник ҳамон замон орденро ба сари синаи Сафар овехт. Назари ҳама ба чеҳраи Сафар, ки дар як дам мисли себи аз офтоб ранггирифта сурхӣ давида буд, дӯхта шуд.

БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ

Соли навро ӯ дар давраи рафиқони ҳамнабард худ дар заминкани нав пешвоз гирифт. Чунки то аз бемористон омадани Сафар қисми вай ҷои худро иваз карда буд. Ин заминкан нисбат ба заминканҳои пештара хеле амиқ ва болояш бо ду-се қабат болору тахта ва хоку хошок пӯшида шуда буд. Дар як тарафи он кати чорқатшавандаи сафарӣ ва дар пешаш мизи хурдакаки ба девор ҷафс гузошташудае меистод. Дар болои миз оинаи на он қадар калон, дулчаю обдон, як шиша атр, ду-се шиша шароби маркааш ношинос, боз дигар ғизою хӯрданиҳо муҳайё буданд. Ҳамаи инро Ермак, аз бемористон омада, то бо ҷанговарони взводи худ мулоқот карда баромадани Сафар тайёр карда монда буд.
– Офарин, – гуфт Сафар, заминкан ва чизу чораҳои дар он бударо аз назар гузаронда ва боз давом дод: – Вале ана ин ғаниматҳои немисатро тоқати дидан надорам... Магар аз они худамон аз инҳо беҳтар набуд?..
Ермак бо ҳайрат ба Сафар саволомез нигоҳ кард.
– Кадом ғаниматҳои немисӣ ? – пурсид вай.
– Мана, аз кату миз сар карда, то чизҳои болои миз бударо мегӯям.
Ермак хандида, ҷавоб дод:
– Хотирҷамъ бошед, рафиқ сержанти калон, дар ин ҷо ягон чизи немисӣ нест.

пешина
аз 333
навбатӣ