Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай сару рӯи ин асирро дошта, биниашро кашида буд, ки хир – хир овоз баровард. Аз ин ба дили ноумеди ман ҳам ҷон даромад. Баъд аҳволи саржанти калон ва духтарчаро пурсидам. Сержанти калон пои чапашро базӯр ҷунбонд. Ман ба вай даст дароз карда будам, ки ба ангуштонам як чизи гарми часпон расид... Боз дил беқарор зада, илоҷе меҷустам, ки аз сад – саду панҷоҳ метр роҳи боқимонда ҳар навъ бошад ҳам, гузарем. Бадии кор дар он буд, ки тири немисҳо дар ин ҷо заминро лесида мегузашт. Не, таваккалӣ ба роҳ даромада, хушбахтона дигар безарар рост аз пеши ротаи ҳамсоя баромадем ва аз он ҷо взводи сержанти калон наздик будааст, ба вай хабар доданд ва захми Одинаевро дарҳол худи аскарҳо бастанд...
Баъд аз хеле вақт чашмам ба хилъати сатру ихфои худам афтод, бинам, аз ақибам то ду паяҳлӯям суп – сурх хун. Ҳарчанд ба ҳар ҷои баданам даст зада медидам, ҳеҷ захме пайдо намекардам. Баъд, ин асирро, ки дар роҳрави заминкан монда буд, ба заминкани солдатҳо дароварда, дасту по ва даҳонашро кушодем. Вай дарҳол ба ақибаш даст бурда бо нолиш ангуштони хунолудашро нишон дод. Бинем, рост аз болои думбааш тир хӯрдааст. Сонӣ фаҳмидам, ки вай дар аснои аз симхор гузаштан тир хӯрда, ин хел монанди ҷонканӣ хир-хир карда будааст...
...Баъди аз полк ба дивизия омадан, Сафарро ба бемористони саҳроии худи ҳамин қисм фиристоданд.
Духтарчаи Осмухин низ ба ҳамон бемористони саҳроӣ, ба парастории ҳамшираҳо супурда шуд.
Аз мобайн панҷ-шаш рӯз нагузашта, ба қисми беҳдорӣ сардори шӯъбаи сиёсии дивизия полковник Копейкин, ки вай чандин рӯз пеш ба Сафар билети ҳизбии ӯро супурда буд, бо ҳамроҳии фармондеҳи баталон капитан Дяченко, лейтенант Николаев ба дидани Сафар омад.
Полковник меҳрубонона дасти Сафарро фишурда, ба ӯ барои баҳузур дароз кашида хоб кардан иҷозат

пешина
аз 333
навбатӣ