Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Мана, камтар гулӯро тар кунед, – гуфт лейтенант Николаев ва ба Соболу Сафар дар дӯлчаҳо арақ дода, боз пурсид, – хӯш, баъд чӣ шуд?
– Баъд, рафиқ капитан, аз паҳлӯи чаптар як пулемёт ду қатор тири рангоранг кушод. Аз вай дуртар ҳеҷ тир намебаромад. Мо ба ҳамон тараф аз пастхамии сой оҳиста-оҳиста хазидему аз дуртари нуқтаи оташфишони шадиди эҳтиётии пулемётии немисҳо ба теппаи рости сой баромадем. Аз теппа ин тарафаш майдони симхор ва чуқуриҳои зиддитанкӣ дошт. Ба як чуқурӣ фуромада, даҳ-понздаҳ дақиқа дам гирифта, баъд ба тарафи симхорҳо наздик шудем. Ман сержанти калонро бо қайчии симбур пештар фиристода, худам поида истодам. Сержанти калон пас аз ду симхори аввалро буридан, боз як симхорро буриданӣ буд, ки аз паси мо ба ҳаво мушак парид. Намедонам, немисҳо моро оё диданд ё надиданд. Сонӣ болои ҳам ба ҳамин сӯ тир паррондан гирифтанд. Ман ба пасттари чуқурӣ руст шуда, пайти қулай поида, пас аз хомӯштар шудани оташ аз паси сержанти калон баъзан аз гиребони ин «ҷаноб» кашола карда, баъзан ба китфам гирифта, гавак кашидам. Ба пеши симхори буридашуда омада будам, ки шарики ман кайҳо ғоиб шудааст, вале аз паи вай дар рӯи барф доғи сиёҳи хунро дидам...
– Ана, эҳтимол дар ҳамон ҷо тир хӯрда бошад? – пурсид лейтенант Николаев.
– Бале, дуруст гуфтед, – ба суханаш давом дод Собол, – дар ҳамон ҷо ба пояш тир расида, дар гармогармӣ нафаҳмида хазидаю ҷаҳида пеш рафтан гирифтааст. Ман ҳам аз симхор бо ин «ҳамроҳ«-и худ базӯр гузашта, чор-панҷ қадам пештар омада будам, ки боз мушак рӯи заминро моҳтоб барин равшан карда, аз паси он пулемётпарронӣ сар шуд. Вақте ки ман бо қувваи охирин ба пеш зӯр мезадам, якбора ин ҷаноб хиррас зада монд. Оббо, нафасаш гашта мурд, гуфта, ба азобҳои кашидаам афсӯс мехӯрдам. Вақти ба ӯ нигоҳ карда санҷидан ҳам набуд. Рафтан гирифтам. Немисҳо аз тирандозӣ ором намешуданд. Мушакҳо пайиҳам дар осмон овезон мешуданд. Охир аз майдони холие, ки дар мобайни мою немисҳо ҳаст, гузашта, ба сержанти калон, ки дар як чуқурӣ нишаста буд, расидаму ба ӯ аз нафасаш гашта мурдани асир афсӯсхӯрон ҳасрат кардам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо