Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Алқисса, пештар афсарони немис, сонитар мана ин макаронпазҳо хонаи кампирро ишғол карда, ӯро ба хукхона бароварда партофтаанд. Кампир чизе, ки дар бисоташ доштааст, хӯрда ба охир расондааст, дар ин рӯзҳо бо сарқуту юндиҳои ана инҳо рӯз медидааст.
Баъд мо пурсидем, ки духтарчаро ҳамроҳ гирифта равем, чӣ мегӯяд? Дар аввал гирёну нолон ба оғӯш зер карду розӣ нашуд, баъд аз он, ки мо кафолат додем, ки кӯдак аз ин ҷо дида дар мо хубтар ва бехатар зиндагӣ мекунад, розӣ шуд. Духтарак бошад, дар ҳамин беҳолиаш «меравам, меравам» гуфта маҳмаддоноӣ ҳам мекард. Дарҳол бо сержанти калон дар ҳамон ҷо нақшаи чӣ хел гирифта рафтани духтаракро фикр кардем. Росташро гӯям, сержанти калон зоҳиран бачаи гӯл намояд ҳам, ботинан хеле шайтон будааст.
– Медонӣ чӣ хел мебарем? – гуфт ӯ. – Корро хитоӣ мекунем. Ман хилъати сатру ихфоямро мекашам, баъд ҳар дуямон духтарчаро аз таги ҷомачаи пахтагии ман ду пояшро ба ду паҳлӯ, ду дасташро ба сари сина кашида, аз тагаш бо тасма мебандем. Баъд бо шикам хазида рафтан мегирем.
– Асирро чӣ кор мекунем? – пурсидам ман аз Сафар.
– Fами асирро нахӯр. Ӯ ҳоло ба мо роҳро ҳам нишон медиҳад, – ҷавоб дод сержанти калон.
– Баъд, ҳамин хел духтарчаро ба пушт гирифта, аз сарой баромадему ба пеши асир омадем. Не, хушбахтона асир ҳам аз ҷояш наҷунбидааст. Мо дасту пои ӯро кушода ҳамроҳ хазида-хазида пеш бурданӣ шудем.
Аммо ин хатарнок намуд. Ман маҷбур шудам ӯро ба китфам гирам. Ҳамин тавр гоҳ хазида, гоҳ гавак кашида, то наздикии ҳамон танки гӯр кардашуда омадем.
Аз он ҷо гузаштан душвор шуд. Кадом як аскари немис аз назди танк ҳеҷ дур намерафт. Мо маҷбур шудем аз росттар гузашта сонӣ боз ба роҳи худ баргардем.
Вақте ки ба сойи поёни деҳа расидем, ана дар он ҷо роҳи худро гум карда, дар кадом тараф немисҳо, аз кадом тараф хатти мо мегузарад, надониста мондем. Лозим омад, ки ба оташфишонии немисҳо мунтазир шавем. Аз ин тилбилмас бошад, ҳеҷ чизро пурсидан нашуд.

пешина
аз 333
навбатӣ