Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳар ду – якамон дастонашро бастем, дигарамон ба даҳонаш рӯймолча андохта, ба пастӣ фуровардем.
– Акнун чӣ мекунем? – гуфта пурсидам ман аз сержанти калон, – дастамон банд шуда монд.
Ӯ ҳам «хуб меравем, дигар чӣ илоҷ» гӯён дили бедилдон гап зад. Лекин нолаи кӯдак хомӯш нашуда, торафт дили худамро ҳам пора мекард. Ба ёдам хоҳарчаи ҳафтсолаи дар Сибир мондаи худам омад.
– Биё, – гуфтам, – ҷӯра, нолаи ҳамин духтаракро шунида эътибор надода рафтан аз инсоф нест.
Сержанти калон дарҳол аз нав ба ғайрат даромада, таклиф кард, ки асирро сахттар баста, аз болои даҳонаш боз рӯймол печонда, ба мағзи барф гӯронем. Баъд ҳар ду рафта, кӯдакро хабар гирем. Ин маслиҳат маъқул афтод. Ҳамин хел кардему «то омаданамон мурад ҳам, садқаи сар» гӯён ба саройча хазида рафтем.
Дари саройча аз роҳрави байни хонаю саройча будааст. Ин бисёр боб омад, ҳеҷ кас моро намедид.
Дари саройчаро кушода будем, ки ба димоғамон бӯи пору зад. Ман чароғи кисагиро гирондам. Дар пешгоҳ дар тахтакате, ки дар болояш кӯрпаи ҷиғда – ҷиғда партофта шуда буд, як кас дароз кашида хоб мекард, дар паҳлуяш ин кӯдак, ки чашмонаш аз шӯълаи чароғ мисли чашмони гурбача ялтас мезад, нишаста буд.
Шарфаи пои моро шунидан замон кӯдак хомӯш шуда, рӯяшро ба сари синаи каси хобида панаҳ кард. Эҳтимол ӯ моро немис хаёл карда, тарсида бошад. Мо оҳиста ба пеши онҳо рафтем. Каси дар кат хобида кампире буд, ки дасту рӯяш варам карда, беҳолона базӯр гап мезад.
Сержанти калон аз кампир пурсид:
– Оча, кӣ мешавӣ ?
Кампир забони русиро шунида, гӯё ба танаш ҷон даромад, чашмонашро калон кушоду нимхез шуда, бо овози баланд «Аз они худӣ, русҳо!» гуфт. Мо дарҳол бо кафи даст даҳони кампирро пӯшонда, пасттар гап заданро илтимос кардем. Баъд аз он, ки вай кӣ будани моро фаҳмид, гириста-гириста бо ғаму ҳасрат гуфт, ки худаш модари як фармондеҳ, кӯдак набераи ӯст. Ӯро тобистон аз Сталинград зани писараш аз хавфи бомбаборон тарсида, ба назди ӯ фиристода будааст.

пешина
аз 333
навбатӣ