Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Мо, бо сержанти калон, пас аз марзаи немисҳоро гузаштан, аз пастхамии чаптар ба сӯи деҳаи Ерзовка хазида рафтан гирифтем. Ба деҳа надаромада, дар пеши теппача ба як танки дар замин гӯркардашуда рӯ ба рӯ омадем. Аз даруни танк овози ду-се кас шунида мешуд.
Мо дарҳол ҷои исти ин танкро ба хотир гирифта, боз чаптар рафтем. Аз мо бист-сӣ қадам дуртар овози пой шунида шуд. Мо дарҳол ба замин ҷафс шуда якчанд дақиқа наҷунбида хобидем. Баъд шарфаи пой хомӯш шуда буд, ки боз ба пеш хазидем. Дигар аз пеш ҳеҷ кас набаромад. Фақат аз ду паҳлӯямон аз ду нуқтаи оташфишони, ки бо барф пӯшида шуда буданд як пулемёт гоҳ-гоҳ тир меандохт. Мо инҳоро ҳам ба ҳисоб гирифта, боз ба пеш ҷунбидем. Як вақт ман сар бардошта дидам, ки мо бехабар ба канори деҳа расидаем. Дар он ҷо монанди ғарам як баландӣ менамуд. Мо пештар рафтем, ки посбони немисҳо давр зада гаштааст. Баъд, оҳиста худро ба қафо кашида, қад – қади ақиби хонаҳо бармегаштем, ки сержанти калон аз роҳ бозистода, ба ман дар ҳамин деҳа будани духтару модари фармондеҳи собиқи худро гуфту «Чӣ мешавад, ки хонаи ҳамонро ёбем» гӯён илтимос кард. Ман «то дар кадом хона будани онҳоро надонем, ҳеҷ муроде ҳосил намешавад»
гуфта, аввал ба таклифи вай розӣ нашудам. Вай даҳанакӣ, мувофиқи дар мактуб навиштаи фармондеҳаш, нақшаи дар куҷо, чӣ хел истодани хонаро гуфта дод. Ҳар ду камтар фикр карда мондему баъд «биё ба шикор омада, хушк наравем» гӯён, мувофиқи гуфти Сафар аз тарафи шимол як – чк хонаҳоро шумурда, ба аломатҳояш аз наздиктар рафта нигоҳ карда хазидем.
Дар охир ба хонаи панҷум аз шимол наздик омада будем, ки баногоҳ аз як хукхона, ки дар қафои хона – яъне дар тарафи мо буд, нолидани кӯдаке шунида шуд. Мо наздиктар хазидем ва мехостем, ки ба сарой дароем, вале аз куҷое ана ин пешонадӯнг пайдо шуда монд. Ӯ моро пай набурду боз ба ақиб гашт. Ман «пайти қулай ва асири бо пои худ омада аз даст наравад» гуфта, зуд аз қафои ӯ давида рафта маҳкам даҳонашро дошта, қафонокӣ ба замин хобондаму боз бо телпакам даҳонашро зер кардам. Сержанти калон, ки силоҳ дар даст ба ҳар эҳтимол ҳозир меистод, ба ёрӣ расида омад.

пешина
аз 333
навбатӣ