Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ба наздикӣ аз он ҷо ҳам пеш мекунем, – ҷавоб дод Николаев саросемавор хӯрокхӯрии ӯро тамошо карда,
– акнун ман аз ту пурсам, ту чандсола шудӣ?
– Шашсола.
– Духтарчаи кистӣ ?
– Духтарчаи модарам, падарам ва бибиам.
– Номи падаратро медонӣ ?
– Медонам, – Яков Данилович Осмухин.
– Наход? – гӯён лейтенант Николаев бо ҳайрат ба Сафар рӯ гардонд. Сафар ба лейтенант нигоҳ карда монд. Баъд Володин пурсид:
– Духтари кӣ гуфт?
– Духтари Осмухин, ҳаммактаби ман. Фармондеҳи собиқи Одинаев, – ҷавоб гардонд Николаев як ба Сафар ва як ба духтарча нигоҳ карда.
– Ҳоло ӯ дар куҷост?
– Ана ин амаки Одинаев мегӯяд, ки дар Сталинград аст. Ба ӯ мактуб ҳам менавиштааст.
– Ин чӣ хел шуд, ки духтарчаи ӯро ба ин ҷо овардаед? Аз куҷо? Чаро? Шунидан аҷиб аст... – ба Сафар муроҷиат кард Володин.
Сафар аввал дар бораи ротаи собиқи худ, дар бораи чӣ хел бо Осмухин дӯстӣ ва бародарӣ доштани худ гап зад, мактубҳои охирини ӯро нақл кард ва гуфт, ки дар ин деҳа ва дар хонаи модараш будани ин духтарчаи ӯро ва дар куҷои деҳа будани он хонаро муфассал аз ҳамин мактубҳо медонист.
– Хуб, донистан як тарафи кор, аммо чӣ тавр ин духтарчаро ёфтед? – пурсид Володин бесаброна ба ҷавоб мунтазир шуда.
– Ман ҳамаашро муфассал гӯям, рафиқ капитан? – пурсид кашшоф.
– Хӯш, гап зан сибирӣ.
Собол ба сухан сар накарда, беҳдори рота сумкаи доруҳояшро бардошта даромад ва бо фармоиши Николаев захми Сафарро кушода, аз нав дору молида баст. Собол бо таклифи Володин ба ҳикоя кардани воқеа сар кард:

пешина
аз 333
навбатӣ