Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– гуфт Володин ва ба сӯи асири пешонатурш чашм дӯхт.
– Бигузор шинад. Ҳозир то ба фармондеҳи баталйон хабар доданамон хеле вақт мегузарад, – гуфт лейтенант Николаев ва барои фармондеҳони баталйон ва полкро аз воқеа хабардор кардан ба назди телефончӣ рафт.
– Нишаста ҳам наметавонад, рафиқ лейтенант, – ҷавоб дод кашшоф.
– Чаро? – пурсид Николаев гӯшаки телефонро ҳанӯз дар даст дошта.
– Аз думбааш тир хӯрдааст...
Блиндажро ханда зер кард. Николаев ба телефон гӯш дода, ҳамаро ба хомӯшӣ даъват кард, баъди бо фармондеҳи полк кӯтоҳ гуфтугӯ кардан «Зуд ба полк биёред мегӯяд» гӯён гӯшакро монд. Кашшоф ба захмдории асир нигоҳ накарда, аз доманаш кашида ба нишастанаш ишора кард. Асир ким-чиҳо гуфта, ақибашро дошта меистод. Баъд Володин ба кашшоф гуфт:
– Майлаш, монед, рост истад, пои худаш дард мекунад. – Сонӣ ба Николаев муроҷиат кард... – То ба полк фиристодан шиками духтарчаро сер кардан лозим.
– Ҳозир, – гӯён Николаев духтарчаро озод бардошта, ба кати худ шинонд ва аз токчаи тахтагин, ки дар пойгаҳи блиндаж буд, равғани зард, консерви гӯштин, кулчақанд, нон гирифта ба пеши духтарча рӯи рӯзнома паҳн кард.
– Эҳе, амакҷон... – гуфт духтарча ба забони ширини кӯдакона ва бо симои ҳайратзада, – шумо чӣ чизҳои болаззат доред... Чӣ, немисҳо инҳоро аз дасти шумо кашида нагирифтанд?
– Парво накун, духтарак, хӯрдан гир. Дар ин ҷо немис нест. – Николаев ба нону кулчақанд равған молида, ба дасти духтарча дод.
– Набошад барои чӣ дар хонаи бибии ман немисҳо ҳастанд? – боз бо кунҷковии кӯдакона пурсид духтарча.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо