Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Володин фармон дод, ки ғайр аз одамони даркорӣ дигарон ба ҷойҳояшон баргашта раванд. Дар блиндаж Сафар, Собол ва духтарча монданд.
– Беҳдорро ба ин ҷо ҷеғ зан, захми сержанти калонро бандад, – фармон дод Николаев ба робитачии худ ва сонӣ, аз Сафар пурсид,-чӣ, магар захмат вазнин аст?
– Не, – гуфт Сафар ба дарди ҷароҳат дандон ба дандон монда тоқаткунон, – гӯшти банди по камтар чок шудааст. Дар взвод бачаҳо бастанд.
– Мо бошем, қариб аз шумоён умедро канда будем,
– гуфт боз Николаев.
Лабҳои Сафар базӯр табассум карданд. Аз ин табассум чеҳраи хунпарида, вале ҳалими вай боз чунон дилкаштар шуд, ки диққати Володинро оҳанрабо барин ба худ кашида, ӯро рӯҳбаланд кард.
– Бин, дар рӯяш ранг намондаасту боз, гӯё ки ҳеҷ чиз нашуда бошад, табассум ҳам мекунад... – гуфт ӯ.
– Дар берун кӣ монд? – пурсид Николаев.
– Асир, – гуфт кашшоф.
– Дароред, – фармуд Володин.
Асирро дароварданд. Вай марди миёнақади пешонадӯнге буд, ки риши сиёҳаш сих зада баромада, дар тан болопӯши кӯҳнаи фаҳӯли кабуд, дар сараш пилоткае, ки онро то поёни гӯшҳояш зер карда пӯшида буд, дар по ботинкаҳои калони нӯгаш ғафс дошт ва то зонуяш пойтобаи пашмини дағал печонда шуда буд.
Чашмони якбора аз торикӣ ба равшанӣ вохӯрдаи вай бо ваҳм алақ-палақ нигоҳ мекарданд...
– Ба даст афтодед? – пурсид Володин ба забони немисӣ аз асир.
Асир саволи ӯро нафаҳмида, гаранг нигоҳ карда меистод.
– Ӯ аз дастпарварҳои Муссолини, рафиқ капитан, – гуфт кашшоф бо заҳрханд.
– Итолиёвӣ? – савол кард Володин.
Асир ларзида – ларзида мулоимхунукона табассум карду бо забони худ чизе гуфта, дар охир: «Италян, италян... Рим...Рим...» гӯён се-чор бор такрор кард.
– Ана ин муамморо бинед акнун... Барои бо ин меҳмонҳои нохонда муомила кардан ба як худи мо лозим шуд, ки на фақат немисӣ, инчунин забонҳои итолиёвӣ, румонӣ, маҷорӣ, испонӣ, финиро ҳам донем...

пешина
аз 333
навбатӣ