Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Хуб, ҳозир... – Ермак боз «омаданд... омаданд..
фармондеҳамон омад...» гӯён ба иҷрои фармоиш давид.
Володин ва Николаев беқарор гоҳ ба блиндаж даромада, гоҳ аз блиндаж баромада, ба омадани Сафар чашм медӯхтанд. Володин бо ғурур ба китфи Николаев даст зада мегуфт:
– Ана, акнун кӣ ба кӣ аз кори кардаи худ ҷавоб медиҳад?
Дере нагузашта, Дадабой ва Йӯлчӣ Сафарро аз ду тарафаш дошта ба блиндаж оварданд. Вай, ки рангаш мисли пахта парида, чашмонаш беҳол шуда буданд, бо пои чапаш лангида – лангида даромад. Аз паси ӯ ҳамроҳи вай ҳамон кашшофе, ки дирӯз дар ин блиндаж бо либоси бе нишонҳои аскарӣ нишаста буд, ҷомаи сатру ихфоаш хунолуд, як чизи ба ҷомачаи пахтагин печондашударо маҳкам дар оғӯш бардошта даромад.
– Боз кӣ ҳаст? – пурсид робитачии фармондеҳ рота ва одамони ба блиндаж даромадаро аз назар гузаронда.
– Боз дар берун одам ҳаст, – ҷавоб дод Дадабой.
– Кист? – пурсид Николаев.
– Як макаронпаз, – гуфт кашшоф «бораш» – ро ба замин монда.
– Ин кист? – пурсид Володин чашмонеро, ки аз зери ҷомача милтас зада нигоҳ мекарданд, дида монда.
– Нинаҷон, – гӯён кашшоф ҷомачаро аз сари вай гирифт.
Дар пеши чашми ҳозирон духтарчае намоён шуд, ки дар тан гимнастёркаи аскарии то нӯги пояш фуромада, як рӯймолчаи сафеди чиркини ба сару манаҳаш баста дошт, ранги рӯяш заъфарон, гирдогирди чашмони нигоҳ.хояш ҳаросони ӯ варам карда буд.
– Падарам канӣ? – пурсид духтарча ба ҳама чашм давонда.
Баробари ин саволи ӯ Ермак, ки дар пеши дар истода буд, ҳиққасзанон гиристу худашро ба берун гирифт.
Ҳама хомӯш монда, ба ҳоли табоҳи духтарча маҳзунона нигоҳ мекарданд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо