Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Имрӯз чандум?
– Бистум, – ҷавоб дод Николаев.
– Дирӯз ва имрӯз таърихҳои фаромӯшношуданӣ ҳастанд.
– Яъне чӣ хел?
– Яъне, дирӯз ҳар қадаре, ки мою ту аз сар шудани ҳуҷуми қӯшунҳоямон шод шуда бошем, имрӯз барои як амалиёти хурдакак ҳамон қадар асабамон вайрон шуд...
Дар ҳамин вақт аз роҳрави блиндаж кадом як ҷанговар, мисли ин ки ягон матнро аз ёд мекарда бошад, дар ҳар қадамаш, «Омаданд... омаданд... омаданд»
гӯён медавид. Овози ӯро шунида, Володин ва Николаев баробар – «Кист ӯ, кӣ омад?» гӯён садо бароварданд. ҷанговарон кӣ будани онҳоро пай набурда:
– Коратон чӣ... Аввал сардоронро хотирҷамъ кунам, баъд ба шумо гап мезанам... – мегуфт.
– Ба ту боз кадом сардор лозим. Худи мо сардор!.. – хитоб кард Николаев.
Ҷанговар худашро гум карда, узр хост.
– Хӯш, гап зан, чӣ мегӯӣ? Кӣ омад?
– Рафиқ лейтенант, фармондеҳи мо омад.
– Кадом фармондеҳ?
– Сержанти калон Одинаев, рафиқ лейтенант.
– Канӣ? – боз ҳар ду баробар бо изтироб пурсиданд.
– Ҳозир меоваранд, вай захмдор, – бо ҳаяҷон нисфи суханашро гум карда гап мезад, робитачии Сафар – Ермак. – Эҳ, рафиқ лейтенант, чӣ хел вай нотарс будааст... Ғаниматҳои овардаашро намегӯед...
– Як худаш? – пурсид Володин.
– Не, қариб як отделения... – ҷиддӣ ҷавоб дод Ермак.
– Чӣ хел як отделения, бешӯхӣ гап зан, – ӯро сарзаниш карда пурсид Николаев.
– Шӯхӣ не, росташ... Ба ҳаққи виҷдонам.
– Ӯ чунон дар ҳаяҷон аст, ки гапашро дуруст фаҳмида ҳам наметавонӣ, – гуфт Володин ва ба аскар фармуд, – зуд рафта гӯй як сония ҳам дер намонда ба ин ҷо оваранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо