Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Володин бо чашмони аз бедорхобӣ хундавидаи худ ба чеҳраи рӯҳафтодаи Николаев нигоҳи ҷиддие кард.
Чашми Николаев ҳам ба Володин афтоду ҳамон замон боз ба замин дӯхта шуд...
– Маро гӯӣ, аз ҷавоб додан наметарсам, – гуфт Володин, – бо ин аҳвол ту чӣ ҷавоб медода бошӣ?...
– Даррав оташин нашав, – гуфт Николаев, – як фикр ҳозир маро ба гуфтани ин гап водор кард.
– Чӣ фикр?
– Балки, ба гуфти комбат, Одинаев ба даст афтода бошад ва аз ӯ немисҳо ҳамаи маълумоти даркориро гирифта, ана ҳозир ягон балоро сар кунанд, чӣ мешавад?
– Магар ту ба одамони худат ҳамин хел боварӣ дорӣ?
– Дили одам тухм нест, ки палағда ё палағда набудани он дар офтоб дида шавад...
– Ин хел бошад, ту ҳанӯз фармондеҳи ҳақиқӣ набудаӣ... Агар аз ман пурсанд, ба ин гуна ҷавоб ҳеҷ гоҳ забонам намегашт. Наход одаме, ки се моҳ боз дар зери дасти ту ҳамин қадар ҷангаду чӣ будани дили ӯро насанҷида бошӣ? Набошад, чаро дар аввали кор ҳамин фикр ба сарат наомад?
– Албатта, ҳеҷ вақт аз ӯ ягон гумони бад надоштам ва ҳоло ҳам надорам, – гуфт Николаев ба хаёл рафта ва илова намуд:
– Биё, раифиқ капитан, берун баромада, як дам ҳавои тоза гирем.
– Бисёр хуб, – розӣ шуд Володин.
Онҳо аз блиндаж баромаданд. Берун пеш аз дамиши субҳ аз аввали шаб ҳам ториктар буд.
Аз тарафи немисҳо ҳанӯз оташфишонӣ ва мушакпарронӣ давом дошт. Аз куҷо як тири дайду ғиззасзанон омада аз болои сари Николаев ва Володин гузашта, ба барфтӯдаи канори роҳрав рафта даромад.
– Лаънатиҳо чашми нодид ба куҷо, ки рост ояд, паррондан мегиранд, – ба гап сар кард Николаев.
– Мехоҳанд, ки дар охири умр як тир намонда парронанд, – илова кард Володин ба хатти пеши немисҳо, ки аз чап, рост ва миёнҷои он беором тирҳои рангоранг мепарид, нигоҳ кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо