Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Дар ин се соат дар олам чӣ ҳодисаҳо, ки рӯй намедиҳанд? Биё, ба печкаат дурусттар алав мон, камтар дам гирем. Комбат ҳам хонаро хунук карда рафт...
Онҳо ба болои тушаки пахолин, ки ба рӯи тахтакати борики як кас меғунҷидагӣ андохта шуда буд, болопӯшҳои худро ба болояшон гирифта рӯболо дароз кашиданд. Чашми ҳар дуяшон ҳам ба шифти се қатор болордори блиндаж, ки болояш бо чиму хасу хошок пӯшонида шуда буд, дӯхта шуда, ҳеҷ хобашон намебурд.
Аз мобайн ним соат вақт нагузашта буд, ки садои беисти бошиддат тирандозӣ то даруни блиндаж расид.
Фармондеҳи рота сар бардошта, ба тарафи дар гӯш дод. Тирандозӣ якзайл беист давом мекард.
– Кадом нодонро ҳамин вақт ҷунунаш омад, – гуфт лейтенант Николаев ва ба робитачии худ, ки дар паҳлӯи телефончӣ нишаста буд, фармуд, ки рафта бинад, кӣ тирандозӣ мекунад ва аз номи ӯ фармон диҳад, ки тирандозии беҳударо бас кунанд.
– Эҳтимол ягон пулемётчӣ оби мили пулемётро гарм карданӣ бошад, – гуфт капитан Володин баробари аз дар баромадани робитачӣ аз ҷояш наҷунбида.
Робитачӣ берун баромаду баъд аз чанд дақиқа баргашта омада, хабар дод:
– Немисҳо тирандозӣ мекунанд, рафиқ лейтенант.
Тарафи онҳо аз мушакпарронӣ мисли рӯз равшан аст.
– Барои чӣ, дар ҳеҷ ҷо ҳеҷ гап не, якбора авҷ гирифтанд. Ё ин ки ягон найранги нав сар карданӣ ҳастанд? – гуфт бепарво Николаев, сарашро аз болои сумкааш, ки ба ҷои болишт хизмат мекард, бардошта.
Володин мисли ин ки ягон чизи гумкардаашро ёта бошад, якбора нимхез шуда, ба Николаев, ки вай болопӯшашро ба китфаш партофта рост меистод, гуфт:
– Ҳой, бародар, балки равшанфикри мо аз марзи душман гузашта истода бошад?
– Э,э,э.. Ту ҳам гап задӣ... – ҷавоб дод лейтенант Николаев аз баргаштани Сафар ноумед шуда, – гӯё онҳоро ба сайру тамошо ҷавоб додабошӣ, аз барвақту бевақт омаданашон дилпур ҳаст... Кори ношуданӣ шуд, беҳтар ин ки акнун нақшаи дар пеши сардорон чӣ ҷавоб доданро каш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо