Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Хуб, ҳозир гирифта меоям.
Фармондеҳи баталйон гӯшаки телефонро монда, аз старшина пурсид:
– Хӯш, натиҷаи кашф чӣ тавр?
– Душман дар пеши мо нуқтаҳои бисёри оташфишон, майдонҳои минакорӣ дорад ва аз якчанд танкҳои ба замин гӯркарда ҳам тир мекушояд. Ман, ҳозир аз харита нишон медиҳам, рафиқ капитан.
Старшина наздиктари чароғ омада, харитаро кушоданӣ буд, ки капитан ӯро боздошта, фармуд:
– Хуб, дар ин ҷо лозим нест. Ҳозир ба назди фармондеҳи полк меравем, ҳамон ҷо муфассал гуфта медиҳед. – Сонӣ фармондеҳи баталйон ба лейтенант Николаев рӯ гардонда, кинояомез гуфт: – Шумо бо капитан мунтазир бошед, шояд «қаҳрамонон»-и шумо ҳам омада монанд...
Старшина, фармондеҳи баталйон ва лейтенанти кашшоф баромада рафтанд. Дар блиндаж чанде чунон сукунат ҳукм ронд, ки ҳатто чиқ – чиқи соати кисагии капитан Володин ба гӯш мерасид. Пас аз андак фурсат Володин ба Николаев назар афканда, гуфт:
– Наход мою ту ҳақ набароем?
– Мумкин аст, – ҷавоб дод лейтенант Николаев бо парешонӣ, – на хамеша кас ҳақ мебарояд.
– Ҳамин тавр бошад ҳам, аз чӣ сабаб бошад, як тарафи дилам гувоҳӣ медиҳад, ки мо ҳақ мебароем, – гуфт Володин.
– Ту аз хад зиёд хушбин ҳастӣ.
– Хуб, ин магар бад аст?
– Дар чунин мавридҳо мумкин аст касе баъзан аз ин фиреб хӯрад.
– Не, ман ба фикри ту розӣ нестам. Махсусан дар чунин мавридҳо ҳамин хел будан лозим аст. Набошад, дар як рӯз ҷанг туро ба комаш фурӯ мебарад...
– Соат чанд шуда бошад?
Володин ва Николаев ҳар ду баробар ба соати кисагиашон нигоҳ карданд.
– Аз они ман чоряк кам панҷ.
– Аз они ман ҳам, – ҷавоб дод лейтенант Николаев.
– Эҳе, ҳоло то дамидани субҳ боз се соати дигар ҳаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо