Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Агар ин кор барбод раваду касе аз кашшофон баргашта наоянд...
Ин гапи фармондеҳи баталйонро аз берун бо изтироб дӯк – дӯк пой монда, ба блиндаж давида даромадани робитачии фармондеҳи рота бурид.
– Старшина омад! – гуфт вай ҳарсасзанон.
– Канӣ? – фармондеҳи баталйон давида аз ҷояш бархосту ба сӯи дари блиндаж рафт. Дар чеҳраи парешони Володин ва Николаев хурсандии фавқулодае ҳувайдо шуд. Володин боз бо оромии ба худ хос ба сӯи дари даромади блиндаж чашм дӯхта истод.
Старшина ки болопӯши сафедаш ба обу арақ гӯтида сар то по ба барфу лой олуда буд, ба блиндаж даромад. Вай аввал телпаки сарашро гирифт ва автоматашро ба як тараф монда, миёнбандашро кушод ва об пурсид. Ба вай ба ҷои об ним дӯлча арақ доданд.
Старшина об гӯён дӯлчаро якбора бардошту рӯяшро турш кард. Сонӣ аз бағали ҷомачаи пахтагинаш харитаи топографии чорқатро ба дасташ гирифт.
– Хӯш, ҳама баргашт? – пурсид фармондеҳи баталйон.
– Не, чор кас, – ҷавоб дод старшина.
– Дигарон канӣ?
– Ана ҳамон муаллим ва як кашшофи ман сержант Собол ба ҷои таъйиншуда барнагаштанд. Мо барои ҳамин дер мондем.
Фармондеҳи баталйон ба сӯи Володин ба маънои «шунидӣ?» нигоҳи бадқаҳронае кард ва боз ба старшина рӯ гардонда гуфт:
– Беҳтараш, ки ӯро ҳамроҳ гирифтан лозим набуд.
Старшина аз ин сухани фармондеҳи баталйон қувват ёфта даъвогарона гап зад:
– Ман гирифтанӣ набудам, лекин рафиқ капитан ва лейтенант бо чӣ қадар сарзаниш зӯрӣ карданд.
Старшина боз чизе гуфтанӣ буд, ки телефон занг зад. Телефончӣ гӯшаки телефонро ба фармондеҳи баталйон дода «Хӯҷаин мепурсад» гуфт.
– Чор нафарашон ҳозир омаданд, аз ду кас дарак нест, рафиқ 316, – ҷавоб дод фармондеҳи баталйон Дяченко ба воситаи телефон. – Не, ҳанӯз напурсидаам.

пешина
аз 333
навбатӣ