Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аскарро ба оғӯш кашида бӯсид ва баъд хандакунон гуфт:
– Ҳамин қадар гап задему на ту ва на ман номи ҳамдигарро напурсидем.
Аскар ҳам хандакунон гуфт:
– Аввал дилро ёфтан, баъд номро гуфтан ширин мешавад. Маро Аскар Наҷаф – ӯғлӣ меноманд.
Сафар номи ӯро ду-се бор такрор карду баъд номи худро гуфт:
– Сафар Одинаев – солдати кӯҳнаи ҳамин қисм, пурсӣ ҳама медонанд, – боз дасти ӯро дӯстона фишурд.
Баъд аз хайрухуш, чашмони Аскар то аз назар ғоиб шудани суроби ҳамсӯҳбаташ дергоҳ ба сӯи ӯ нигарон шуданд.

БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ

– Чӣ шуд? – Аз кашоф чӣ хабар?
– Ҳанӯз ҳам дарак нест... Аз афташ, оташи сахти немисҳо ба гузашта омадан имкон намедиҳад, рафиқ 316.
– Соат чанд?
– Се, рафиқ 316.
–...
– Хуб, рафиқ 316, омадан замон хабар медиҳам.
Ин гуфтугӯи телефонии байни фармондеҳи баталйон капитан Дяченко ва фармондеҳи полк майор Голубев дақиқа ба дақиқа давом мекард. Аз мӯҳлати омадани кашшофон аз як соат зиёд вақт гузашта буд.
Дар блиндажи командири рота Николаев, командири баталйон, ҷонишини вай Володин, як намояндаи ситоди полк, як лейтенанти хурд аз ротаи кашшофон ва боз ду-се касони дигар баргашта омадани кашшофонро бо бесабрӣ интизор доштанд. Ғайр аз ин ҷо, дар штаби полк, дар дивизия ҳам ҳамин вазъият ҳукмрон буд.
Фармондеҳи баталйон аз дер мондани кашшофон асабонӣ мешуд, бетанаффус папирос мекашид. Ба рӯи харитаи топографие, ки ба болои сумкаи лейтенант Николаев гузошта шуда буд, гашта – баргашта нигоҳ карда, худ ба худ кадом як масофаро чен мекарду ғурунг – ғурунг ким-чиҳо мегуфт.

пешина
аз 333
навбатӣ