Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Аскар аз ин саволи ногаҳонӣ камтар дар фикр монду баъд росташро гуфт:
– Пурс, ки худи немисро дидӣ?
– Ана халос, ҳозир монанди нишонзане, ки даҳпонздаҳ немисро кушта бошад, дӯғат баланд набуд? Аз афташ, ҳоло ба сӯи немис ягон тир ҳам накушодаӣ? – таънаомез пурсид Сафар. Аскар хиҷолатманд чӣ ҷавоб доданашро надониста, худро ҳимоя кард.
– Не-е, як не, чандин бор тир паррондам, вале худо медонад, ки ба куҷо, ба кадом аҷалрасида зада бошад.
Сафар боз ба гап давом кард.
– Мисли ин ки кас баъзан дар шаҳрҳои худ ба тӯйхона рафта, як даҳон ош нахӯрда, кафшро гум мекунад, ба ҷанг омада, якта ҳам душманро накушта, ин қадар азобу уқубатро чашидан чӣ маънӣ дорад? Ана акнун, хуб дониста бош, ки барои сардор шудан аввал ҳамаи хизмату ӯҳдадории аскариро ба таври комил ба ҷо овардан лозим. Вақте ки орзуи ба сари мисли ман аскарбачаҳо калон шуданро дорӣ, ба ҳамаи онҳо роҳ нишон додан, ҳамаи ҳунари онҳоро аз онҳо беҳтар донистанат лозим.
Дар ҳамин асно аз дур ба тарафи немисҳо ду мушаки сурх парида, чор атрофро равшан кард. Аскар ва Сафар то хомӯш шудани рӯшноии мушак сарашонро ба абртӯдаи сангар панаҳ карда истоданд. Пас аз ба замин афтодани мушак Сафар «Хайр, ҷӯра, сӯҳбат боқӣ» гӯён рафтанӣ шуд. Аскар аз домани болопӯши Сафар, ки вай аллакай ба болои сангар ҷаҳида буд, дошту «ба куҷо?» гуфта пурсид.
– Шикори мо сар мешавад, – ҷавоб дод Сафар ва дасти аскарро бо дастони дурушташ фушурда, – агар саломат баргардам, боз бо ҳам вомехӯрем, писари хуб будаӣ, – гуфт.
Аскар аз рафтани ӯ каме маъюс гашта, дасти кашшофро сахт фишурда, «сафарат бехатар бошад, ба шикорат барор, ҷӯра», гӯён хайрхоҳӣ кард.
Ин видои самимии аскар, ки ҳанӯз онҳо ошнои дуруст набуданд, ба Сафар таъсир карда, дилаш ба ҷӯш омад ва ҳамон замон худро боз ба сангар гирифта якбора

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо