Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Ту чӣ гумон мекунӣ, магар ҳар кас «ҳа» гӯяд, «ма»
гуфтани аскар хуб аст?
– Гапат ҳақ, ман аз ҳамин қисм, кашшоф ҳастам, – гуфт Сафар аз ҷавоби аскар мамнун шуда, – имшаб ба шикор меравем.
– Ба шикор меравем? – пурсид такроран аскар.
– Ҳа, – гӯён Сафар сарашро боло бардошта, ба атроф назар андохт ва ба суханаш давом дод, – немис аз ин ҷо дур аст?
– Анаю мана, ба шикор ту меравию куҷо будани немисро ман гӯям – ҷавоб дод аскар бо таъна.
Сафар аз ҷавоби аскар аввал каме хиҷолат кашид ва чанд дақиқа ба пеш назар карда, худро ба нодонӣ зад.
Аскар ҳам аз ҷавоби дағали худ шарм карда, дар ҷояш беҳаракат монд ва ба тирҳои рангоранги ба ҳар сӯ паридаистодаи пулемёти душман нигоҳкунон гуфт:
– Ин немис ҳам як дам хомӯш наменишастааст, мисли ин ки ба куртааш кайк даромада бошад, на шаб ором мешаваду на рӯз. Каме дам гирад-ку ҳам ба худаш, ҳам ба мо имкон медиҳад, ки бедорхобҳо каме пинак раванд, нотинҷҳо бехатарак ёзида гиранд...Намедонам, модаронашон аз рӯзи зоидани инҳо ба онҳо фақат парронданро ёд додааст магар, ки пагоҳӣ ҳам та-та-та, пешин ҳам та-та-та, шабу нисфи шаб ҳам та-та-та...
Сафар аз ин суханҳои аскар пай бурд, ки вай ҳоло аскари ҷавони ҷангнадида аст. Аммо пухтагап, зуд ба ҳар кас сирнадиҳанда будани ӯ ба Сафар маъқул афтод ва ӯ бо иштиёқмандӣ боз гап сар кард:
– Бародар, – гуфт Сафар, – чанд моҳ боз дар ин ҷо ҳастӣ?
– Акнун шаш рӯз шуд.
– Аз ин пеш дар ҷанг будӣ?
– Ту одами аҷиб будаӣ. Аз ин пеш дар ҷанг мебудам, то имрӯз қоқ як туфангро дошта, ба сӯи немис «чашмаки ман чашмаки ту» карда менишастам?
– Хайр, дигар чӣ кор мекардӣ?
– Кайҳо ба даҳ-понздаҳто ту барин аскарбачаҳо сардор шуда, онаи зори немисро нишон медодам.
– Хайр, исто ки аз рӯзи омаданат инҷониб чанд немисро куштӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо