Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Немисҳо аз торикии шаб бесаранҷом шуда, як дақиқа ҳам пулемёту мушакпаррониро бас накарда, гӯё дар мавқеи худ ҳамеша ҳушёр истодани хешро намоиш доданӣ мешуданд.
Старшина баъд аз як поси шаб, бо шаш нафар кашшоф ба хатти пеши ҷанг баромад. Ҳамаи онҳо болопӯши сатру ихфо, дар даст автомат, дутоӣ норинҷаки зиддитанкӣ, корди дудама доштанд ва аз байн як кашшоф дар даст минаков ҳам дошт.
Старшина пеш аз ба амалиёт сар кардан, боз як бори дигар роҳи рафтуомад, чӣ гуна бо ҳамдигар дар робитаи зич амал карданро ба шариконаш гуфт ва то додани ишорат дар сангарҳои пеш мунтазир нишастанро фармуд. Сафар ҳам ба як сангаре, ки дар пешаш аз барфтӯда деворча кашида шуда буд, омада, бе ҳеҷ пурсишу садо даромад.
Дар сангар ғайр аз ӯ боз як солдати дигар, ки мили туфангашро аз сӯрохи деворчаи барф берун бароварда монда, худаш пои хунукхӯрдаашро гурс – гурс ба замин мезад, ҳозир буд. Вай баробари ба сангар фуромадани Сафар дар аввал як рамида ва баъд лабҳои аз хунукӣ шахшудаашро базӯр ҷунбонда, бо ҳаяҷон нимғурма пурсид:
– Кист?
– Аз они худӣ, натарс, аскар, – ҷавоб дод Сафар бо забони русӣ ва пештар омада, автоматашро аз китфаш гирифту ба он аскар наздик рӯ ба рӯ шуд.
– Куҷоӣ, бародар? – савол дод Сафар.
– Ту худат кистӣ? – пурсид аскар нимкора ба забони русӣ гап зада ва ӯ ҳам ба рӯи Сафар аз наздиктар чашм дӯхту баъди аз гапҳояш рус набудани Сафарро фаҳмида, тахмин ӯро ӯзбек дониста ба забони омехтаи ӯзбекию туркӣ гап сар кард.
– Ман ҳам ту барин фарзанди одамизод, ин қадар ба зери манаҳам наоӣ ҳам мешавад, – гуфт Сафар ба забони ӯзбекӣ.
– Медонам, фарзанди одамӣ, охир кадом одам?
– Зоҳиран гӯлу ботинан писари пухта менамоӣ, ҷӯра, – гӯён гап партофт Сафар.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо