Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Аз паси деҳа, рафиқ лейтенант, ба паҳлӯи чапи мо бо шрапнел зада истодааст. Дар осмон «рама» ҳам пайдо шуд...
– Ҳа, маълум, одати кӯҳна, – гуфт капитан Володин,
– эҳтимол «рама» ягон ҳаракати моро дида монда, аз миномётчиёни худ оташ кушоданро хоста бошад.
– Бигузор паррондан гирад, баъд мо ҳам боб карда ҷоғашро баста мемонем, – гӯён лейтенант бепарвоёна гап зад ва дарҳол ба Сафар гуфт, – вақте ки ба взвод меравӣ, ба бачаҳои худат гӯй, ки бисёр худашонро ба чашми немис аён накунанд. Сонӣ ба ҷои худат ҳамон сержант Неходаро монда, пас аз он метавонӣ ба назди старшина рафта, ба адои вазифа шурӯъ кунӣ.
– Хуб, рафиқ лейтенант. Иҷозат диҳед, равам, – аз ҷояш хест Сафар.
– Иҷозат, равед.
– Кай ба назди шумо оям? – пурсид Сафар аз старшина.
– Ҳозир коратонро саранҷом карда омадан гиред, – ҷавоб дод старшина ҳам аз ҷояш хеста.
– Хуб, ба ҳамаатон муваффақият металабем, – гӯён капитан Володин дасти Сафар, старшина ва шарики ӯро фишурд.
Онҳо берун баромаданд. Аз дур ғулғулаи тӯпҳо шунида мешуд... Аз шимоли ғарбӣ боди сабуки сард мевазид ва аз як кунҷи ҳамон тараф абри яклухт пора шуда, осмон каб – кабуд намудор мегашт... Старшина ба ҳамон сӯ нигоҳ карда як дам хомӯш монду баъд ба Сафар гуфт:
– Эҳтимол шабамон беабру пурситора шавад... Ин боз хуб аст... Хуб, мунтазир мешавам, зудтар биё, ошно! – гӯён старшина дасти паҳну дарози худро ба китфи шонапаҳни Сафар зада монд.
Шабона ҳақиқатан осмон беабру пурситора шуд.
Дар ин хел шаб тирҳои рангоранг, ки аз ду тараф дам ба дам ба ҳаво мепариданд, ба чашм чунон зебо намудор мешуданд, ки агар хавфи ба одам расидан намедоштанд, кас онҳоро бо ҳавас ва иштиёқи калон то пагоҳӣ тамошо мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо