Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сафар ҳам автоматро баланд бардошта, бо як ҷаҳиш худро ба хандаки сангар гирифту садо баровард:
– Бародарони ҳамяроқам! Ба пеш, барои Сталинград!
Аз байни гулдурросҳои тӯпу туфангҳо мавҷи садоҳои «ура»-и аскарони сурх ҳаворо пур мекард...
Сафар взводи худро аз саҳрои васее, ки бо гулӯлаву бомбаҳо, бо минаю тасмачархҳои танкҳо чаппагардон карда шуда буд, аз сангару заминканҳо, ки аз мурдаҳои немисҳо пур буд, пеш бурда, роҳравон нуқтаҳои оташфишонии боқимонда, аскарҳои аз хандақҳои худ сар бардошта муқобилаткунандаи гитлериро бо туфангу автомат, норинҷаку шишаи дардиҳанда, найзаю қундоқ несту нобуд мекард ва торафт ба шаҳре, ки моҳҳо инҷониб муштоқи дидани он буд, наздик мешуд.
Ҳамин тавр, ҷонбозиҳои ҷанговарони шӯравӣ ва садои ҳамаи навъҳои яроқу аслиҳаҳои беҳисоб, ки ба ин сарзамин аз тамоми гӯшаю канори мамлакат фиристода шуда буданд, рӯзҳо ва шабҳоро пайи ҳам пушти сар гузошта, соати шодмониро наздик меоварданд...


Субҳи барвақти 22-юми январ взводи Сафар дар болои танкҳои вазнини «КВ» савора буд. Қариб ҳамаи ҷанговарони вай мисли худи Сафар бесаброна интизор мекашиданд. Онҳо дақиқа ба дақиқа аз ҷой ҷунбидани танкҳоро, мисли қаторае, ки ба сӯи шаҳри моҳҳою солҳо надида ва пазмоншудаашон гирифта мебурд, мунтазир мешуданд... Онҳо аз паси теппаи на чандон калон, аз болои ин танкҳои ба шарқ нигоҳ кардаистода биноҳои аз оғӯши дуди туманмонанд базӯр намудори Сталинградро медиданд. Аз дур ин биноҳо, монанди аслашон, гӯё бе ҳеҷ нуқсон қад кашида меистоданд. Дуде ки аз оғӯши шаҳр оҳиста ба ҳаво паҳн мешуд, ҳамаи «ҷароҳатҳо»-и онро мисли пардаи хокистарранг аз чашм пинҳон медошт...
Дар гирду атрофи теппа бошад, заминкану сангарҳои морпеч ба хеле дурӣ дарозкашидаи немисҳо воқеъ буданд, ки дар берун ва даруни онҳо мурдаҳои беҳисоби дар ҳар ҳолат шах шудамонда мехобиданд.

пешина
аз 333
навбатӣ