Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар онҳо ҷанг кардан нахоҳанд, мо ҷанг кардан мехоҳем. Агар онҳо ба қаъри замин даромада бошанд, мо мехоҳем аз гӯшашон кашида бароварда, ба ҷанг водор кунем...
Хулоса, як дақиқа ҳам диққати онҳоро аз худ набояд дур кунем. Фармони дирӯза дар хотират ҳаст?
– Ҳаст, рафиқ лейтенант.
– Бисёр хуб. Акнун гап ҳамин, ки аз беҳтарин фармондеҳони отделенияи взводат ягон касро ҳамин рӯз ба ихтиёри ана ин старшина – ёрманди фармондеҳи ротаи кашшофони полк медиҳӣ, – гӯён лейтенантНиколаев ҳамон старшинаро, ки мӯйлаби каҷҷакмонанди зардча дошт, нишон дод. – Старшина бо се каси худаш ва се кас аз мо имшаб дар мавқеи немисҳо ва дар деҳаи Ерзовка кашшофӣ мегузаронад.
Сафар аз ин гапи Николаев чашмонашро тез – тез гоҳ ба старшина, гоҳ ба фармондеҳи рота нигаронда, таклифи дигар кард.
– Чӣ мешавад, ки ба ҷои фармондеҳи отделения худам равам?
Николаев дарҳол давоми сухани ӯро гирифт.
– Мо ҳам, пеш аз омадани ту дар ҳамин фикр будем, аммо ба ҷои ту кӣ мемонад?
– Фармондеҳи отделенияи якум сержант Нехода, – ҷавоб дод Сафар.
– Вай одами нав, мо ӯро ҳанӯз хуб намешиносем.
– Зарар надорад, – ба гап капитан Володин ҳамроҳ шуд, – як шаб ҳазор шаб нест. Агар Одинаев бовар дошта бошад, чаро Неходаро мондан мумкин нест?
– Худи шумо ҳеҷ ба кашшофӣ рафтаед ё не? – мӯйлабашро тоб дода аз Сафар пурсид старшина.
– Не, кӯтоҳ ҷавоб дод Сафар ба старшина нигоҳ накарда.
– Ба кашшофӣ нарафта бошад ҳам, дар ҷанг таҷрибааш калон, – командири худро таъриф кард Николаев.
– Кашшофӣ ҳуҷум нест, рафиқ лейтенант, – гуфт старшина, – дар ин кор ғайр аз таҷрибаи ҷангӣ, боз бисёр чизҳои дигарро ҳам нағз донистан даркор.
– Вақте, ки ман тавсия мекунам, кию чӣ будани ӯро аз шумо беҳтар медонам, – Николаев бо оҳанги ҷиддии расмият гуфт.

пешина
аз 333
навбатӣ