Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Старшина ба сухани Николаев дигар эътироз баён накарда, як дам хомӯш истод ва боз аз Сафар бо овози мулоимтар «ту – ту» гӯён пурсид.
– Худат аз куҷо мешавӣ, то аскарӣчӣ кор мекардӣ, ошно?
– Дар Тоҷикистон муаллим будам.
Старшина боз ба тасдиқи фикри худ сабаб ёфта, рӯяшро дурушттар карда гуфт:
– Ана, рафиқ лейтенант, шумо мехоҳед, ки аз равшанфикр кашшоф созед. Ин кор гаҷу тахта нест, ки кас дар рӯи вай ҳар чӣ, ки мехоҳад, кашидан гирад...
– Магар барои кашшоф шудан аҳволи иҷтимоӣ ҳам аҳаммият дорад? – абрӯвонашро чин карда, бо овози қаҳролуд пурсид капитан Володин, ки худи ӯ ҳам то ҷанг муаллими таърих буд.
– Мумкин аст, ки старшина маълумоти пурраи саволномагӣ ҳам талаб кунад? – лейтенант Николаев бо заҳрханда илова кард.
– Гап дар он аст, ки, – сурх шуда гап зад старшина, – ба кори кашшофӣ бештар одамоне тоб оварда метавонанд, ки ҳунарҳои дағалтар дошта бошанд, яъне – ронандагонон, оҳангарон, аловмонҳо ва монанди ҳаминҳо...
– Аммо ман баръакс мегӯям, ки ҳар кас ҳам кашшоф шуда метавонад, агар иродаи матин, дили пурҷӯш ва ба ақидаи худ то охир эътимоди комил дошта бошад.
– Илова ба ин, – гуфт лейтенант Николаев сухани капитан Володинро давом дода, – устоди касбу кори худ бошад ва онро дӯст дорад...
– Ман ҳам аз сабаби дӯст доштани касбу кори худ ҳамин хел мегӯям, – ҷавоб дод старшина ва арақи пешонию рӯяшро бо остинаш пок кард.
– Шумо касбу кори худро гӯё фақат барои худатон мӯҳру имзо карда гирифтаед, – ҷавоб дод капитан Володин, – ва онро танҳо барои худ дӯст медоред. Хуб донед, рафиқ старшина ва минбаъд фаромӯш накунед, ки дар ин майдон ҷонбозӣ нишон додан ба равшанфикру челонгар, аловмону ҳисобдор будани ин ё он кас вобаста нест, балки ба он вобаста аст, ки дар зери ин сина дили кас то чӣ андоза нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати ҷӯшон ва нисбат ба душман то чӣ андоза кинаю адоват дорад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо