Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ермак, оҳиста-оҳиста гап зан, ҳоло душман аз рӯ ба рӯи мо дур нашудааст.
– Эҳ, рафиқ сержанти калон, акнун немис ғайр аз садои тӯпу бомбаҳои мо дигар ҳеҷ чизро шунида наметавонад...
Дар дигар сангару заминканҳо низ ҷанговарон ҳамин хел ҳамдигарро ба оғӯш кашида ва бӯсида шодмонӣ мекарданд...
Қариби гашти рӯз робитачии фармондеҳи рота омада, Сафарро ба блиндажи лейтенант Николаев гирифта бурд.
Блиндаж аз тафси печкаи хурдакаки тунукагин ҳаммом барин гарм шуда буд. Ҳама бо як гимнастёрка менишастанду боз арақ ҳам карда буданд. Дар ин ҷо, ғайр аз Николаев, ки ҳоло рутбаи лейтенантӣ гирифта буд, боз ҷонишини фармондеҳи баталйонанд ба корҳои сиёсӣ капитан Володини ҷингиламӯй, як старшина ва боз як шахси дигар, ки дар гиребони гимнастёркааш ҳеҷ аломате надошт, ҳозир буданд.
Сафар ба заминкан даромада, ба командири рота омадани худро баён карда, бо ҳама вохӯрдӣ намуд.
– Бишин, рафиқ Сафар, – таклиф кард Николаев.
Сафар аз паҳлӯи ҳамон ҷанговаре, ки дар либосаш ҳеҷ як аломати аскарӣ надошт, ба суфачаи заминкан нишаст.
– Хӯш, гап зан, – гуфт Николаев дуди папиросашро аз даҳану биниаш ғоз – ғоз сар дода.
– Чӣ гӯям, рафиқ лейтенант, хотирҷамъӣ, – ҷавоб дод Сафар бо одати ҳамешагии хоксорӣ.
– Чӣ хел хотирҷамъӣ? Хотирҷамъиҳо акнун гузашта рафтанд... – гуфт боз Николаев Сафарро санҷиданӣ шуда.
– Чаро? Аз омаданамон интараф қариб як тир ҳам холӣ накардаем. Немис ҳам аз қаъри замин сар намебардорад. Ҷанговарон бошанд, корашон сурудхонӣ ва дар хаёли онанд, ки кай ба рӯзи ҳуҷум мерасанд.
– Ана, худат ба мақсад наздик гап задӣ, – гӯён Николаев папиросашро ду-се бор сахт дам кашиду баъд ба пеши бухорӣ партофт ва баҳузуртар нишаста давом дод. – Ман хавф дорам, ки немисҳо аз зери бинии мо гурехта мераванду мо бехабар мемонем...

пешина
аз 333
навбатӣ