Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Албатта аз дилу ҷон хизмат мекунем, – қатъӣ аз дил мегузаронд Сафар.
Вай дар ҳамин ҳолат ба взводи худ баргашт ва зуд се-чор рафиқони қадрдони худро ёфта, бо ҳаяҷон ба нақл кардани таассуроти имрӯзаи худ сар кард...
Дадабой, Ермак, Йӯлчӣ ва дигарон аз ду паҳлӯи Сафар нишаста, гапҳои ӯро бо диққат мешуниданд ва ҳамчун дӯстони қадрдони ҳамнабарди ӯ аз сабзишу ба зинаҳои баландтари обрӯю эътибор боло бардошта шудани фармондеҳи худ аз таҳти дил шодӣ мекарданд.
Сафар баъди ҳикояи худ рафиқонашро рӯҳбаланд карда гуфт:
– Аз афташ, акнун дар соҳили Волга заминканиҳои мо ҳам ба охир расид...
– Канӣ, кошкӣ, рафиқ сержанти калон, – мегуфт як аскари навомада, – ин сафар аз ҳамин саҳрои бепоён онсӯтар наҷунбем, намешавад... Охир панҷ бор ба госпитал рафта, панҷ бор ҳам боз ба ҳамин ҷо баргашта меоям. Коркунони бемористонҳо, ки дар ҳамин наздикиҳо ҳастанд, ошнои даҳсола барин, аз дар надаромада, «шумо боз омадед?» гӯён бо тааҷҷуб пешвоз мегирифтагӣ шудаанд.
– Худамон ҳам монанди тойи қантар кардашуда ҳастем, бародар, – мегуфт Дадабой гап дода. – Як ишора шавад, беист рост аз он чаккаи дунё рафта мебаромадем.
Ниҳоят, навбат ба полки Сафарино ҳам омад. Шаби ҳафтдаҳуми ноябр вай аз ҷои истироҳат ба по хест.
Шаб торик, бӯрон буд... Боди тунду тез ба сар бардоштан, гоҳ роҳ рафтан имкон намедод. Барфрезаҳои майдаи лӯнда ба замин ва ба рӯи сарулибос афтода, мехча барин маҳкам часпида мемонданд.
Ҷанговарон дар по пима, дар тан шиму камзӯли пахтаноке, ки аз болояш масихалат пӯшида буданд, дар сар телпаки гӯшакдор, дар китф борхалтаю аслиҳи шахсӣ дар ин торикию бӯрон дар замини яхбаста маҳкам – маҳкам пой монда, ба хатти пеш мерафтанд.
Дар зери пои онҳо яху барф ғиҷирросзанон нолиш мекард.
Сафар ҳам дар ҳайати полк, дар сари ҷанговарони взводи худ истода, ҳамроҳи онҳо аз оғӯши боду бӯрон ба хатти пеши ҷанг бардам пой монда мерафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо