Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Сафар мехост дар ҳамин дақиқа арз кунад, ки вай ба фармондеҳии взвод ҳанӯз худро лоиқ намешуморад.
Аммо фурсати даҳан кушодан ҳам нашуду полковник билети номзадӣ ба узвияти ҳизбро аз рӯи мизаш гирифта, ба Сафар дод ва дасти рости ӯро ба дасти калони ангуштонаш дароз-дарози худ гирифта гуфт:
– Ин билет бошад, рафиқ Одинаев, шаҳодати дигари боварии Ҳизби кабири Коммунистон аст, сазовори ин бовар хизмат кунед, кор нишон диҳед. Ин аст аввалин ва олитарин вазифаи шумо!
Сафар, ки билети ҳизбиро дар дасти чапаш маҳкам дошта, гоҳ ба он, гоҳ ба чашмони полковник бо ҳаяҷон нигоҳ мекард, «хуб, рафиқ полковник... раҳмат рафиқ полковник... то дар тан ҷон дорам, ба хизмати ҳизб ва халқ тайёр ҳастам» гӯён, канда – канда гап мезад.
– Дар ҷангҳои ҳалкунандаи рӯзҳои наздик, – гуфт полковник Копейкин, – ба взводи шумо, ба худи шумо, ҳамчун фармондеҳи коммунист, муваффақият ва ғалабаҳои шоёни таҳсин орзу менамоям. Ба ҳамаи ҷанговарони взвод салом расонед.
Сафар билети ҳизбиро ба кисаи сари синаи чапаш гузошту бо полковник бори дигар самимона хайрухуш карда, берун баромад. Вай ҳоло ба взводаш на ба он ҳолати рӯҳӣ, ки то ба ин ҷо омадан дошт, бармегашт.
Чеҳрааш тамоман беғубори андаке ғурурнок, чашмонаш равшан, қадаммониҳояш далерона буданд. Вай ба гирду пеш, ба одамон бо ҳисси фараҳбахши аҷиб назар меафканд. Дар дилаш орзую умедҳои наве ҷӯш мезаду гӯё ба вай ғайрат болои ғайрат зам мекард. «Ман номзади Ҳизби Коммунистон!» бо як ифтихори беҳадду канори ботинӣ дар дилаш такрор мекард ӯ ва ҳар бори такрор кардан гапҳои полковник Копейкин дар пеши гӯшаш баргашта садо медоданд:
– Сазовори ин бовар хизмат кунед, кор нишон диҳед!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо