Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Агар мабодо аз ӯҳдааш баромада натавонаму ба сари ин қадар фарзандони халқ ягон офати ногаҳониеро оваронам, баъд чӣ мешавад?
Дар он ҳол аз ин вазнинтар азоби рӯҳӣ ва аз он сахттар гуноҳи ҳарбӣ хоҳад буд?..»
Ин фикру мулоҳизаҳои бесару нӯг шабу рӯз сари Сафарро ба дард оварда, дили ӯро мефишурданд... Бо вуҷуди ин, Сафар ба ҳеҷ кас ин дарди худро ошкор намесохту ҳарчи бештар кӯшиш мекард бо ҷанговаронаш дурусттар ва ҷиддитар машғул гардад. Аммо, ҳамин ки аз машғулият баргашта, дар заминкан танҳо нишаста мемонд, боз аз масъулияти ба зиммааш афтода ваҳм гирифта ба чӣ хаёлҳое, ки намерафт.Баъзан ҷанговарон аз камгапу ҷиддӣ шудани Одинаев худ ба худ хулоса бароварда мегуфтанд:
– Акнун Одинаев кӯшиш мекунад худро ҳарчи бештар фармондеҳи калон тарошад.
– Ҳатто рӯзе робитачӣ Ермаков ин гапи ҷанговаронро ба ӯ гӯшрас намуд. Одинаев ба ҷои бадқаҳр шудан зери лаб ришханд карду дар дилаш гуфт: «Ҷанговарон ҳам зоҳиран мефаҳманд, ки ҳоло ман ба ин вазифа чандон лоиқ нестам» ва аҳд кард, ки ба сардорони худ арз мекунаду ҳар навъе карда, аз ин вазифа даст мекашад. Дар айни ҳамин фикру хаёл ӯро ба шӯъбаи сиёсии дивизия даъват карданд. Сафар бо хушнудӣ ба он ҷо шитобиду ба худ қавл дод, ки ба воситаи сардори шӯъбаи сиёсӣ полковник Копейкин аз пайи иҷрои талаби худ мешавад.
Вале дар шӯъбаи сиёсии дивизия кор тамоман сурати дигар гирифт. Бо полковник Копейкин дар хусуси арзу талаби Сафар фурсати гап задан ҳам нашуд.
– Муборак бошад, рафиқ Одинаев, – Сафарро дар рӯ ба рӯи мизи худ шинонда бо чеҳраи кушоди меҳрубонона гапро якбора аз табрик сар кард сардори шӯъбаи сиёсӣ, ки марди харобаки қоматбаланд ва батамкин буд, – ба шумо фармондеҳи артиш боварии хеле калон изҳор кардааст, бешубҳа, меарзад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо