Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳанӯз мукофот надорам, рафиқ генерал.
Генерал ба фармондеҳи полк норозиёна нигоҳ кард.
– Чӣ, магар бад ҷанг кардааст?
– Не, рафиқ фармондеҳи артиш, – ҷавоб дод фармондеҳи полк майори серришу мӯйлаби миёнақад, – дар ҷангҳои охир ҳам ба взводи камодам фармондеҳӣ карда, хеле устуворӣ нишон дод. Ҳамин рӯзҳо ба ордени Ситораи Сурх пешниҳод кардем.
– Дар бозгашт нусхаи нави фармонро тайёр кунед, – ман имзо мекунам. Дар худи ҳамин ҷо месупорем.
– Хуб, рафиқ генерал, – ҷавоб дод фармондеҳи полк.
– Шуморо бо ордени Ситораи Сурх мукофотонида, хоҳиш мекунам минбаъд ҳам боз мардонавортар ҷангед, рафиқ Одинаев.
– Ба Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат мекунам, рафиқ генерал... – Дар овози Сафар ҳаяҷон, дар симояшш шодмонӣ ҳувайдо гашт.
– Аҳволи ҷанговаронатон чӣ тавр? – пурсид генерал.
– Хуб аст, рафиқ генерал, – ҷавоб дод Сафар, – ҳамаашон «кай ба ҳуҷум мегузашта бошем» гуфта мепурсанд.
Генерал мамнунона табассум карду бо тамкин ҷавоб дод:
– Вақташ ояд, мегӯем.. Бигузор, ҳозир ана ҳамин хел бисёртар машқ кунанд.
Дар охир фармондеҳи артиш, ки худи вай низ аз аскар то рутбаи генерал – лейтенантӣ сабзида расидааст, нисбат ба сержанти калон Сафар Одинаев, ғайри чашмдошти ҳама, ба таври қатъӣ якбора боварии калон зоҳир карду дар худи ҳамин майдони машқу таълим ӯро боз ба як зина боло баровард; ба дасти вай ҳаёт ва мамоти як взводро расман ва доимӣ супурда, фармондеҳи взвод таъйинаш намуд.
Сафар дар фурсати аввал сухани генералро рад карда натавониста, дарҳол вазифаи фармондеҳии взводро расмӣ ба зиммааш гирифту баъдтар ба ҳар гуна фикру хаёлҳо рафта, аз ин кори кардааш як қадар пушаймонӣ кашид.
«Ҳоло, ба ҳар ҳол, дуртар аз майдони ҷанг ҳастем, – аз фикраш мегузаронд Сафар, – аммо пагоҳ – фардо, ки ҳамаи ин одамонро ба хатти пеши ҷанг бароварда, дар зери оташу тӯфони тӯпу туфангҳо идора кардан, на танҳо идора кардан, бештар аз он, ба марзи душман ба ҳамлаи қатъию беамон пеш бурдан, аз ҷангҳои хунини шадид ғолиб баровардан лозим меояд, дар он сурат оё вазифаи ба зимма гирифтаи худро дуруст адо карда метавониста бошам?

пешина
аз 333
навбатӣ