Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ҳар як рӯзе ки Сафар ва ҷанговарони вай дар ин панҷ-шаш километр дуртар аз хатти пеши ҷанг мегузарониданд, аз рӯзҳои машаққатноки майдони ҷанг монданӣ надошт.
Рӯзе, ки Сафар бо ҷанговаронаш усулҳои зер карда гирифтани нуқтаи оташфишонии оҳану бетонии душманро машқ мекард, ба маҳаллаи машқ бо ҳамроҳии фармондеҳи дивизия, фармондеҳи полк ва баталйон, инчунин фармондеҳи артиш, ки ин дивизия ба ҳайати ҳамон армия дохил буд, омаданд. Сафар дарҳол бо тамоми қоида рӯ ба рӯи генерале, ки телпаки қарокӯлии кабуд ва пӯстини чармин пӯшида буд, омада гузориш дод:
– Рафиқ генерал – лейтенант! Взводи дуюми тирандозии ротаи якуми баталйони сеюми полки 448-ум машғулияти тактикӣ мегузаронад. Иҷрокунандаи вазифаи фармондеҳи взвод сержанти калон Одинаев.
Генерал баъд аз шудани гузориши Сафар, амри «озод» дода, дасти серпашми худро ба Сафар дароз карду пурсид:
– Чанд вақт боз дар артиш ҳастед рафиқ Одинаев?
– Як сол шуд, рафиқ генерал.
– Дар ҷабҳа-чӣ?
– Ҳафт моҳ боз, рафиқ генерал.
– Ҷангро аз куҷо сар кардед?
– Аз назди Ростов.
– Аз назди Ростов то ин ҷо ҳамеша қафо нишаста омадед? – пурсид генерал чашмони кабудчаи милкҳояш сергӯшти худро бо як сирдонӣ ба сӯи Сафар дӯхта.
– Не, рафиқ генерал, рӯзҳои ба ҳуҷум гузаштаамон ҳам шуд.
– Захмдор нашудед?
– Як бор аз қабурғаи ростам.
– Сахт ё сабук?
– Як қабурғаамро оҳанпораи мина бурида рафта буд.
– Чанд маротиба мукофотонида шудаед?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо