Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тайёр шавад, мо ҳам ба меҳмонӣ меоем...
– Бо ҷону дил, биёед, рафиқ комбат, – ҷавоб дод Дадабой аз хурсандӣ дигар чӣ гуфтанашро надониста.
Деги чӯян боз ба оташдони ҳанӯз оташаш хомӯшнашуда гузошта шуд. Сафар ба зери вай боз ҳезум монд. Алангаи вай ин сафар аз аввала ҳам баландтар авҷ гирифта, гармияш ба ҷанговарони дар гирду атроф нишаста ҳам рафта мерасид.
Дере нагузашта Ермак аз ҳамон тарафе, ки ҳавопаймои немис сарнагун шуда буд, баргашта омад.
– Як ҳавонаварди немисро зинда асир гирифтанд, дуюмаш дар ҳамон ҷо сӯхта мурд, – хабар дод вай ба Сафар.
– Ҳавонаварди асир гирифташударо чӣ кор карданд?
– Ҳӯ ана, зенитчиён пеш андохта меоранд.
Аз пеши блиндажи Сафар немиси сарлучи зардина ва тамоми рӯяш хуншор, ки дар либоси кабудчаи нимсӯхтаи ҳавонавард ӣ буд, дасти росташро бо дасти чапаш дошта, сархам лангон-лангон пой монда меомад...
– Палид, акнун аз нигоҳ кардан ҳам шарм мекунад,
– гуфт кадом як ҷанговар.
– Ба вай аз осмон нигоҳ кардан осон буд, – илова кард Ермак, – дар рӯи замин бошад, мурғи посӯхтааст...


Баъд аз ду-се рӯзи ба дамгирӣ баромадан, ба ҷузвитомҳои полки 448-ум ҳам пай дар пай қувваҳои нав омада, полк боз ба қатори қисмҳои мукаммали ҳарбӣ мегузашт.
Взводи Сафар ҳам рӯз аз рӯз миқдоран афзуда, ба ҷангҳои нав хуб тайёрӣ медид.
Аксари ҷанговарони нави ин взвод аз миллатҳои
Осиёи Миёна буда, қариб ҳамаашон аскарҳои ҷангдидае буданд, ки аз бемористонҳои ҳарбӣ шифо ёфта омадаанд.
Сафар Одинаев, ки ҳоло ба ҷои отделения взводи пурраро идора мекард, баробари дигар фармондеҳоне, ки рутбаи афсарӣ доштанд, ҷанговарони худро монда нашуда таълиму тарбия медод.

пешина
аз 333
навбатӣ