Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Чарх дар куҷо. Лаънатӣ гӯё моро таҳқир карда, чархи бричкаро партофт, – ҷавоб дод Ермак. Баробари ҷавоби вай ҳамон «Юнкерс»-и чархпартофта, ки як давр зада, роҳи пастгардиро гирифтанӣ буд, якбора аз пеши муҳаррики худ дуди сиёҳ бароварда мувозинатро гум кард ва болҳояшро ба чапу рост се-чор маротиба ҷунбонда сарозер рафт. Ҳамон замон дар ҳаво садои мудҳише паҳн гардид.
– Офарин, кадом зенитчии нишонзани мо ҳам боб карда қасосашро гирифт... – гӯён Сафар се-чор ҷанговарони худро ҳамроҳи Ермак ба он тарафе, ки ҳавопаймои немисҳо афтод, фиристод ва худаш боз ба ҷустуҷӯи Дадабой шуда, ӯро фарёд кард. Аз ким-куҷо овози нимғурмаи вай шунида шуд.
– Дегро биёре, мазаи зирбак рафт, – гуфт бо овози баланд Йӯлчӣ.
Дадабой аз он оббурдае, ки аз блиндаж даҳ-понздаҳ қадам дуртар буд, сарулибосаш барфу лойолуд намоён шуд. Дар дасти вай чизе набуд. Йӯлчӣ боз дегро пурсид. Дадабой аз набудани дег пай бурда, давон – давон омад.
– Дег канӣ? – пурсид Сафар.
– Шумо медонед.
– Мо аз куҷо донем?
Ҳама ба дегкобӣ афтоданд. Вақте ки Йӯлчӣ ба болотари блиндаж баромад, даҳ-понздаҳ қадам дуртар аз вай деги чӯянӣ чаппагардон хобида буд...
– Нияти бади элликбошӣ шуд-дия, нагуфтам? – бо ҳасрат пушти сарашро хорида оҳ кашид Дадабой. Сафар аз ин ҳодиса ва аз вазъияти ғамангези Дадабою Йӯлчӣ ҳам афсӯс мехӯрд ва ҳам хандааш меомад. Дар ҳамин вақт ба сӯи блиндажи онҳо фармондеҳи баталйон ва рота омада монданд. Сафар аз воқеаи рӯйдода онҳоро огоҳ кард.
– Ин ҳодисаи ҳам гиряю ҳам хандаовар шудааст, – гуфт фармондеҳи баталйон ба «алам»-и Дадабою Йӯлчӣ шарик шуда. Пас аз ҳолпурсӣ ба Сафар гуфт: – Зарар надорад, палави якум насиб накарда бошад, даррав аз пайи дуюмаш шавед. Мо он қадар ҳам камбағал нестем, ки хоҳиши ҷанговаронро амалӣ карда натавонем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо